ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОН АЗ ВАҲДАТ АСТ!

Имрӯз мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ боло рафта, мавқеву манзалати худро дарёфтааст. Ин ҳама муваффақият бошад, осон ба даст наомадааст, чӣ мушкилиҳое буданд, ки барои то ба ин дараҷа расидани давлати азизи мо монеа шуданд.

Ҳоло дар кишвари мо чандин ҳамоишу чорабиниҳои сатҳи байналмилалию минтақавӣ баргузор шуда истодаанд, аз ҷумла шаҳри Душанбе мизбони чорабиниҳои сатҳи олӣ, ҷаласаи якҷояи сарони  давлатҳои аъзои ИДМ ва нишасти Сарвазирони кишварҳои аъзои СҲШ  гардид.

Моҳе пеш аз ин бошад, санаи 16 ноябри соли 2018 агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, ки яке аз сохтмони азим дар ҷумҳурӣ буд, бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони воломақоми кишварҳои гуногуни олам ба истифода дода шуд. Дар сатхи байналмилалӣ бошад, вақтҳои охир ташаббусҳои сарвари давлатамон вобаста ба аҳамияти об, барқарорсозию таъмини сулҳу оромӣ дар минтақа аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хусусан Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфта, обрўю нуфузи кишвари моро дар ҷаҳон боз ҳам авлотар мегардонад.

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълом шудани соли 2018 шумораи зиёди меҳмонону сайёҳони хориҷиро бо мақсадҳои саёҳату истироҳат ва тиҷорату ҳамкорӣ ба Тоҷикистон ҷалб намуд, ки ин боиси ошно гардидани онҳо аз табиати нотакрор ва ободиву пешравии кишвар мешавад.

Аммо, шахсоне ҳастанд, ки ин ободиву созандагии мардуми мо ва сиёсати пешгирифтаи халқи тоҷикро нодида гирифта, бо мақсади иғвоангезию бадномсозии давлату миллатамон ҳар гуна мавод ва хабарҳои тӯҳматкунандаро дар расонаҳои интернет паҳн менамоянд.

Доираи ин шахсонро аъзои ТЭТ ҲНИ, ки гурехта дар Аврупо панаҳ бурдаанд, ташкил намуда, бо мақсади расидан ба ҳадафҳои нопок ва иҷрои супориши сармоягузорони хориҷиашон боз ҳам ақидаҳои зиддимиллии худро ба сари мардум ва хусусан онҳое, ки имрўз дар хориҷа муҳоҷир ҳастанд, бор кардан мехоҳанд. Аъзои наҳзат пайваста кӯшиш менамоянд, ки амалҳои нопок ва ғайриқонунии худро бо роҳҳои гуногун рӯйпӯш намоянд ва ба хоҷагони худ нишон додан мехоҳанд, ки гӯё онҳо ба мақсади худ расида истодаанд ва маблағҳои хоҷагонашонро самаранок истифода менамоянд.

Вақтҳои охир дар расонаҳо хабаре нашр шуд, ки аъзои ТЭТ ҲНИ ва созмони ба ном «АнҷуманиозодандешониТоҷикистон» моҳи декабри соли 2018 дар назди Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Берлин гирдиҳамоӣ баргузор намудаанд. Дар хабарҳои нашркардаи онҳо гуфта шудааст, ки мавзӯи асосии гирдиҳамоӣ ҳифзи ҳуқуқи маҳбасон мебошад. Агар, воқеан ҳам, гирдиҳамоӣ барои пуштибонӣ аз ҷинояткорон баргузор гардад, пас бори дигар бо ин амалаш исбот намуд, ки онҳо пуштибони аслии ДИИШ дар Аврупо мебошанд. Вале, ҳар қадаре ки террористони наҳзатӣ иғвоҳо, нақшаҳои ғаразнокро таҳия намуда бошанд ҳам, рӯҳияи озодихоҳӣ, ватандўстӣ ва созандагии мардуми моро шикаста наметавонанд.

Роҳбарону фаъолони ҳизби наҳзати исломӣ бо вуҷуди ин хам баъди имзои созишномаи сулҳ авф гардиданд ва имкониятҳои фаровони иштирок карданро дар ҳаёти сиёсии кишварамон ба даст оварданд. Лекин дере нагузашта боз ҳаракатҳои ҷудоиандозӣ, террористӣ ва экстремистии худро нишон доданд, ки онҳо касоне ҳастанд, барои манфиати худ аз ваъдаҳои хеш мегарданд.

Хотиррасон карданӣ ҳастам, ки аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти қудратии кишварамон ҳаракатҳои номатлуби ин ҳизб ошкор карда, се сол қабл ТЭТ ҲНИ ҳизби террористӣ ва экстремистӣ эълом шуда, фаъолияташ қатъ гардид.

Имрўз сиёсати Роҳбарияти кишварамон дар самти обод кардани Ватан, ҳифзу тақвияти сулҳу ваҳдати миллӣ аз ҷониби тамоми мардум пурра дастгирӣ меёбад.

Мо, тоҷикон, бо ифтихори милливу ватандӯстӣ бояд дар ободию пешрафти кишвари азизамон – Тоҷикистон саҳми худро гузорем ва дар пешорўи хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризму ифротгароие, ки аз ҷониби ташкилотҳои гуногуни иғвоангез бармеояд, муттаҳид бошем.

Б. ҚУРБОННАЗАРОВ,

муовини декан оид

ба корҳои тарбияи факултаи

ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>