КАҶНИГАРӢ БА ЧӢ ХОТИР?

Рўзҳои охир дар сомонаҳои интернетӣ аз ҷониби мухолифони сиёсии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасмими қабули қонун оид ба маҳдуд намудани воридшавии бонувони сатрпўш ба идораҳои давлатӣ матлаби зиёд нашр шуд. Ин масъала барои нерӯҳои мухолифин барои сиёҳ намудани симои ҳукумати кишвар ва сиёсатмадорони тоҷик баҳонаи иловагӣ гардид.

Чуноне Саидюнуси Истаравшанӣ ин масъаларо суолгузорӣ намуда, барои сиёҳ намудани чеҳраи Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш намудааст.

Ин ҷо дар мавриди муҳим будан ва ё набудани ин тасмим наменависам. Бигзор, дуруст ё нодурустии онро коршиносони соҳаи ҳуқуқ ва қонунгузорӣ баррасӣ ва таҳлил намоянд.

Дар ин навишта банда мехостам ба он таваҷҷуҳ намоям, ки чӣ гуна нерўҳои мухолифи дар хориҷ буда, бо ҳар баҳонае мехоҳанд, ангушти иттиҳомот ба сӯи Тоҷикистон равона созанд ва обрӯву эътибори сиёсатмадорони кишварро бирезонанд. Сайидюнуси  Истаравшанӣ низ ба ин масъала аз ҳамин зовия нигоҳ намудааст. Ў ва ҳаммаслакони дигараш танҳо ба кофтани «камбудӣ» машғуланд. Ин гурӯҳи мухолиф дар ҳама ҳолат дастовардҳои кишварро нодида мегиранд ва фақат ангушти иттиҳомот ба сӯи сиёсатмадорони тоҷик дароз менамоянд.

Тамоми мардуми Тоҷикистон ва ҳатто берун аз он огоҳанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи тақвияти арзишҳои динӣ чӣ қадар хизмат  намудаанд. Тарҷума ва нашри «Қуръони карим» бо забони тоҷикӣ ва дастраси мардум намудани он ба хотири боло бурдани маърифати динии шаҳрвандони кишвар яке аз ин хизматҳо аст.

Ё худ тарҷума ва нашри «Саҳеҳи Бухорӣ» маҳз натиҷаи талошҳои Пешвои миллат дар самти тақвияти фарҳанг ва маорифи динии мардуми тоҷик мебошад.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чун мусалмони бонуфуз шинохтааст. Номи ў дар қатори панҷсад мусалмони бонуфузи дунё аз ин далолат медиҳад.

Аммо, мухолифони сиёсӣ ба ҳеҷ ваҷҳ аз ин дастовардҳо гуфта наметавонанд. Зеро дар чашмони худ айнаки каҷбинии худро ниҳодаанд. Масъули сомонаи иғвоангезӣ www.ksaadat.co “Кӯри Юнус”  суханони Камол Отатурк ва Ризохони Паҳлавиро дар мавриди таваҷҷуҳашон ба ҷомеаҳои ғарбӣ ва хусусан фарҳанги онҳо овардааст ва хостааст Презиндети Тоҷикистонро дар қатори онҳо чун бегонапараст ва зоҳирпараст нишон диҳад. Аммо , Пешвои муаззами миллати тоҷик мӯҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар ҳеҷ куҷо гаравиш ба ғарб ё ба фарҳанги ғайрро талқин накардааст. Баръакс, ҳамеша мардумро ба эҳё намудани арзишҳои миллӣ ва боло бурдани худшиносии миллӣ даъват мекунад.

Гарчанде Камол Отатурк, Ризохони Паҳлавӣ ва Амонуллохон ба андешаи Сайидюнусӣ Истаравшанӣ зоҳирпараст ва исломҳарос буданд, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон чунин сифатҳоро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рабт дод.

Чун оина равшан аст, ки Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифзи арзишҳои исломӣ пайваста талош намудааст.  Аз минбарҳои баланди байналхалқӣ барои ҳифзи Ислом ва мусалмонон садо баланд намудааст, ҳатто дар замоне ки исломҳаросӣ дар ҷаҳон хеле тезутунд гашта буд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар кори созандаи худро бо номи Худо шурўъ мекунад. Бо як ҷумла, сифатҳои Пешвои муаззами мо ба исломситезӣ тамоман муқобил аст.

Солиев Ш.Х. 

ассистенти кафедраи 

сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>