Паёми Пешвои миллат сармашқи фаъолияти мост

Деваштич Паём

Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаю канори вилоят вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шарҳу моҳият ва мӯҳтавои Паём доир гардида истодааст.

Дар Ҷамоатҳои деҳоти Ваҳдат ва Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштич низ доири фаҳмонидани тамоми нуктаю хулосаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳи тарғиботии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён гирифт.

Исмомилзода Зуфар, вакили Маҷлиси намояндагон дар суханронии худ қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикситон вазъи кунунии ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро барои оянда муайян намуданд. Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Атҳам Абдуллозода доири омодагиҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва сазоворона таҷлил намудани он ҳарф зад. Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд М.Каримов доир ба самтҳои ҷавонон, маорифу тандурустӣ ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич К.Исмоилиён оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва соҳибкорон ибрози андеша намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>