Дар Паём солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид

0101

Бо мақсади вусъат бахшидан ва бо дар назардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд. Зеро беш аз 73 фоизи аҳолии кишвар дар деҳот зиндагӣ мекунанд, гуфт зимни вохӯрӣ бо аҳолӣ дар ташкилоти ибтидоии Зоосун раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ Абдуғанӣ Қобилзода.
Пешвои миллат мақсади асосӣ аз ин пешниҳодҳоро дар амалӣ гардонидани талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани ифрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин арзёбӣ намуданд.
Ҳамзамон аз аҳли нишаст даъват ба амал оварда шуд, ки давоми се сол барои амалӣ гардидани ҳадафҳои мазкур бояд сидқан фаъолият намоянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>