Муҳокимаи Паём дар ташкилоту муассисаҳо

IMG_20190109_095925

Дар асоси нақша чораҷўии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом оид ба муҳокимаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилотҳои ибтидоӣ ва ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳр мулоқоту вохӯриҳо аз ҷониби гурўҳи тарғиботию ташвиқотӣ доир шуда истодааст.

Санаи 9 январ чунин вохўрии озод бо омўзгорони МТМУ №7 баргузор гардид, ки дар он мудири шўъбаи ташкилии КИШ ҲХДТ Ҳоҷиев Ф. доир ба таърихи ҲХДТ ва мақсад ва мароми ҳизб, ки барои таъмини зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудааст, суханронӣ намуд. Инчунин, мўҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат муҳокима гардид ва Ҳоҷиев Ф. омўзгоронро даъват намуд, ки барои таълиму тарбияи насли наврас аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба 2 нафар омўзгори ҷавон шаҳодатномаи ҳизб супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>