Боздид аз ташкилоти ҳизбӣ

20190109_144107

Бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии кишоварзон раиси кумитаи иҷроия М. Шукурзода ба Раёсати кишоварзии шаҳр ташриф овард.

Дар мулоқот раиси кумитаи иҷроия бо кормандони раёсати кишоварзӣ оид ба рушди соҳаи кишоварзии шаҳр, саҳми деҳконон дар таъмини бозори истеъмолии аҳолӣ сухан ронда,  аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди минбаъдаи хоҷагии халқи мамлакат ва табдил додани кишвари азизамон аз ҷумҳурии аграрӣ ба ҷумҳурии саноатӣ- аграрӣ хотиррасон намуд.

Кишоварзон ибрози ақида намуданд, ки аз ҳама шароиту имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, саҳми худро дар иҷрои Барномаи озуқавории мамлакат афзун менамоянд.

Дар идома раиси кумитаи иҷроия аз ҳуҷраи ҳизбӣ дидан намуда, барои беҳдошти кор, ҳуҷҷатгузории мукаммал ба раиси ташкилоти ибтидоӣ дастур дод.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>