Паёми навбатӣ равшанибахши фардои кишвар

01

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷатест, ки ҷомеаи моро ба фардои нек роҳнамоӣ мекунад. Дар Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон дар пайванди мантиқӣ бо шароити ҷаҳони муосир мавриди таҳлил қарор гирифтанд.

Бо мақсади фаҳмонидани нуктаҳои асосии Паём дар Мактаби хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо сокинони ҷамоати Хистеварз   мулоқот баргузор гардид.

Баромадкунандагон иброз намуданд, ки дар Паёми имсола таъмин намудани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар тоҷикистонӣ дар меҳвари таваҷҷӯҳ  қарор гирифтааст.  Мақсади эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ низ аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад. Азбаски аксари аҳолии кишварамон дар деҳот умр ба сар мебаранд, пешниҳоди ин ташаббус саривақтӣ ва хеле муҳим мебошад. Мақсади Пешвои миллат ин аст, ки мо ба муваффақиятҳое, ки дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нол гаштем, қонеъ нашуда, дар баробари такон бахшидани ин соҳаҳо, инчунин, рушди деҳотро таъмин созем.

Дар умум бояд гуфт, ки Паёми навбатии Пешвои миллат чун паёмҳои пешин саросар ба беҳбудбахшии шароити зиндагӣ, вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд нигаронида шудааст.02

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>