Расонидани моҳияти Паём ба мардум

20171116_101444

Бо мақсади расонидани самтҳои  асосии  Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои дурбинонаи Сарвари давлат, дар самти амалӣ гардидани нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва тибқи нақшаи кории   КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон    вохӯрӣ  дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардида истодааст. Вохӯрии  навбатӣ санаи 8 январи соли равон бо иштироки аъзоёни ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Маорифпарвар»-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон  баргузор гардид.

Дар  ҷамъомад  и.в. Раиси КИ ҲХДТ Юсупова М.М. иброз намуд, ки Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ҳадафи чаҳоруми Стратегияи миллӣ, яъне «Саноаткунонии босуръати иқтисодиёти кишвар»-ро муайян карданд, ки иқдоми мазкур барои пешрафти иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар мусоидат мекунад. Инчунин қайд карда шуд, ки эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои «Рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» низ барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, аз ҷумла мардуми деҳот моҳияти калон дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>