МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ БАХШИДА БА 25-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ

Каратэ

Ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мусобиқаи вилоятӣ аз рӯи намуди варзиши каратэ WKF доир мегардад.

Ин мусобиқаи варзишӣ бо ташаббуси якҷояи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва ТҶМ “Иттифоқи каратэ-дои вилояти Суғд” санаҳои 12-13 январ баргузор хоҳад гардид.

Интизор меравад дар ин мусобиқаи сатҳи вилоятӣ наздик 400 нафар варзишгарон аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд ширкат варзанд.

Ҳадафи мусобиқа боз ҳам баланд бардоштани нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, тарғиби намуди варзиши каратэ WKF ва дарёфти истеъдодҳои нав мебошад.

Мусоидат ба солимии ҷомеа яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ҲХДТ ба ҳисоб рафта, дар ин замина тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд.

Ва ин аввалин чорабинӣ нест, ки Кумитаи вилоятии ҲХДТ дар самти рушди соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонии ҷомеа амалӣ мегардонад. Мувофиқи нақшаи кумиҷроия соли ҷорӣ ҷиҳати татбиқи Паёми Президенти кишвар ва дар доираи эълон шудани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон як силсила чорабиниҳои сатҳи баланд доир хоҳанд гардид. кумичроия бино

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>