Татбиқи Паём – зиндагии шоистаи халқ

0 (1)

Муҳимтарин нуктаҳо аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ зимни мулоқот дар беморхонаи сирояткунандаи шаҳри Хуҷанд баррасӣ ёфтанд.

Дар ин мулоқот вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Саодат Аминҷонова, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ва муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки соли рафтаи 2018 дар самти сиёсати хориҷӣ бо оғози расмии татбиқи ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти об, ба сатҳи шарикии стратегӣ боло бурдани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, дар самти сиёсати дохилӣ — ба истифода дода шудани агрегати якуми НБО «Роғун», яъне, татбиқи ҳадафи дуюми стратегии кишвар – аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон ва дигар дастовардҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ соли таърихӣ буд.

Дар Паёми навбатӣ барои рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии кишвар низ дастурҳои саривақтӣ дода шуданд ва татбиқи онҳо аз ҳар фарди худогоҳу ватандӯст масъулият тақозо мекунад. Махсусан, эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, эълони ҳадафи чаҳоруми олӣ – саноатикунонии кишвар барои рушду пешрафти Тоҷикистон заминаҳои устувор хоҳанд гузошт, — зикр шуд дар мулоқот.3 (1)

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>