ПАЁМ – МЕҲВАРИ АСОСИИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ КИШВАР

Точикистон

Рушди иқтисодиёт мавқеи давлатдориро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифи менамояд ва барои ҳаётӣ иҷтимоии аҳолии давлат заминаи боэътимод муҳайё месозад. Тоҷикистони соҳибистиқлол алҳол дар миқёси олам ҳамчун мамлакати аграрӣ шинохта шудааст. Соҳаи саноат дар иқтисодиёти кишвар мавқеи дуюм дараҷа ё худ ёрирасонро доро буда, рушди он асосан ба фаъолияти корхонаҳои азими саноатӣ ба монанди ширкати “Талко”, иттиҳодияи “Азот”, “Хуаксин Ғаюр семент” ва ғайра алоқаманд аст. Давоми даврони истиқлолияти давлатӣ рушди соҳаи саноат нисбат ба соҳаи кишоварзӣ суръат ва сифати хосаро касб кардааст. Чунин ҳолат натиҷаи татбиқи стратегияи роҳбарияти олии кишвар маҳсуб ёфта, ба ҷараёни гузариши иқтисодиёт ба самти саноатию аграрӣ такя менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои охир чунин фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳуриро муҳим арзёби намуда, ҳамасола ин мақсади стратегиро дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил менамоянд. Нуктаи мазкур дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат мавқеи хосаро ишғол намуда, барои расидан ба ҳадафи стратегӣ дастур ва супоришҳои мушаххас баён гардиданд. Зиёиён, чун қишри пешбарандаи ҷомеа аз дастуру супоришҳои Пешвои худ, ки нишонаи дурандешӣ, хирадмандӣ ва оқилонаи ин абармард мебошад, худро вазифадор меҳисобанд, ки ҷиҳати татбиқи ғояҳои дар Паём зикргардида саҳмгузор бошанд.
Дар Рӯзи байналмилалии об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об — «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид  бисту дуюми марти соли 2018  расман оғоз гардид.

Яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра дар шароити тағйирёбии иқлим масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ — истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳалли масъалаҳои дар тӯли зиёда аз ду даҳсола бавуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯйдоди муҳими таърихӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии мардум мебошад.
Дар натиҷаи амалӣ намудани вазифаҳои дар Паёми соли гузашта баёншуда соли 2018 рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи 7,3 фоиз ҷамъбаст гардида, таваррум дар сатҳи 5,4 фоиз нигоҳ дошта шуд.
Пешрафти соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, бахусус, бахшҳои истеҳсолӣ таъмин гардида, зиёда аз 150 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода шуданд ва дар се соли охир шумораи шахсоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, 25 фоиз кам гардид.

Пешвои муаззами миллат дар ҷараёни ироаи Паём зикр намуданд, ки дар 11 моҳи соли 2018 аз ҷониби низоми бонкӣ ба соҳибкорон ва аҳолӣ ба маблағи 7 миллиарду 250 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 201 миллион сомонӣ ё 3 фоиз зиёд мебошад. Соли ҷорӣ аз 20 номгӯйи молу маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда афзоиши истеҳсоли 15 номгӯйи он таъмин гардид. Ҳоло дар кишвар татбиқи 70 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 30 миллиард сомонӣ идома дорад.  Дар 10 соли охир ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 33 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ворид гардидааст, ки қисми зиёди он ба рушди соҳаҳои энергетика, алоқа, сохтмон, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок ва бунёди инфрасохтор равона шудааст. Қайд гардид, ки алҳол дар 19 шаҳру ноҳияи мамлакат «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019» амалӣ гардида истодааст ва ин таҷриба давра ба давра тамоми кишварро фаро мегирад.
Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ба дарки аҳаммияти самтҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳоне, ки соли 2018 ба Тоҷикистон омаданд, нисбат ба соли 2017 дуюним баробар афзуд, вале барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда як сол басанда набуд ва зарурати қабули  “Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030” пайдо гардид, ки имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро то ҳаддалимкон муаррифӣ намуданд, лекин барои рушди инфрасохтори соҳа дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.  Бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод гардидани,  солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шуд.
Мақсади асосӣ аз ин пешниҳод амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳали аҳолинишин мебошад.

Дар ҷараёни ироаи Паём Пешвои муаззами миллат изҳор доштанд, ки  “дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар.
Лекин пешрафти ҷомеа, тараққиёти илму техника ва технология тақозо мекунад, ки онҳо низ барои баланд бардоштани сатҳи касбияти худ мунтазам кӯшиш кунанд. Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем”.

Дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати беҳтар намудани касбияти омӯзгор тавассути ташкили курсҳои такмили ихтисос ва истифодаи таҷрибаи пешқадам моён, устодони муассисаи таҳсилоти олии кишварро водор менамояд, ки дар фаъолияти худ усулҳои муосири тайёр намудани кадрҳои соҳибихтисосро бештар истифода намоем.

Хурсандиовар аст, ки  Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ вазифадор  намуданд, ки  Раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо барои вусъат бахшидан ба корҳои ободониву бунёдкорӣ, рушди инфрасохтори деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, бо ин мақсад ҷалб намудани сармояи ватаниву хориҷӣ масъулияти бевосита зоҳир намоянд.  Хосатан, татбиқи чораҷӯйиҳо ҷиҳати бо ҷойи корӣ таъмин кардан ва соҳиби касбу ҳунар гардонидани мардум низ вазифаи аввалиндараҷаи онҳо мебошад.

Ҳангоми ироаи Паём Пешвои муаззами миллат бори дигар сидқан бо арзи эҳтирому самимият ва миннатдорӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони хайрхоҳу ҳимматбаланд барои ташаббусҳои созанда таъкид намуданд, ки “Ба раванди созандагии Ватан ҳар як шаҳрванди бонангу номус бояд саҳмгузор бошад ва ҳар фарди ҷомеа бояд касбу ҳунаре дошта бошад, ки бо истифода аз он зиндагии худро пеш барад”. Ин абармарди мӯътабар бо софдилию некандешӣ ба мардуми кишвар муроҷиат карда ва даъват намуданд, ки  “Мо барои ҳар шахсе, ки мехоҳад касбу ҳунар, нияту нақша ва қобилияту истеъдоди худро амалӣ гардонад, яъне ҷиҳати худтатбиқкунии шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам меорем.
Мо ҳар амали некеро, ки ба шукронаи истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ анҷом медиҳем, барои худамон, фарзандонамон, наслҳои ояндаамон, Ватани азизу маҳбубамон – Тоҷикистон мекунем, зеро ин Ватан ва ин давлат аз худи мост ва онро ба ҷойи мову шумо каси дигар обод намекунад”.

 Дадобоев М.А.

муовини декани факултети геоэкология,   

Собиров М.С.

мудири кафедраи экология ва ҳифзи

табиати  МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>