Паём роҳнамои мост!

2 (1)

Ҷаласаи навбатии кормандони Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба шарҳу тафсири Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шуд.

Дар маҷлис раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ ширкат ва баромад намуд.

Номбурда бобати нуктаҳои муҳими дар Паём зикргардида андешаҳои худро баён дошта, таъкид намуд, ки тамоми натиҷаю дастовардҳои кишвари мо маҳз бо саю талош ва заҳматҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳокимбек Накҳатзода дар суханронии худ зикр кард, ки бобати татбици дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ҷомеаи меҳнатӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Сардори Раёсати таҳлилу ҷамбасти Сарраёсати омори вилоят Хосият Алибоева бобати натиҷаҳои фаъолияти мақомоти омор ва нақшаҳои минбаъдаи он ҷиҳати таъмини сатҳу сифати баланди таҳия, коркард ва пешниҳоди маълумоти оморӣ изҳори назар намуд.

Дар фарҷоми ҷаласа ба 4 нафар кормандони ҷавон шаҳодатномаи аъзогии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ботантана супорида шуданд.3 (2)

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>