ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Солномаи Пешвои миллат–2018

Минатюрка

СИЁСАТИ ДОХИЛӢ

Соли 2018 миллати тамаддунофари тоҷик 27 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда таҷлил намуданд. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ мардуми шарафманди ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи сиёсати созанда ва амалӣ кардани ҳадафҳои неки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри ободии сарзамини аҷдодӣ ва ба давлати пешрафтаву рушдёбанда мубаддал гардондани Ватани хеш талошҳои арзишманд ба харҷ доданд.

Соли 2018 чун солҳои пешин бо як қатор чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ барои шаҳрвандони кишвар соли бобарор, таърихӣ, хотирмон ва пур аз руйдодҳои фараҳбахш буд.

Оғози татбиқи Даҳсолаи нави байналмилалии “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028” — ташаббуси чоруми Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти марбут ба оби ошомиданӣ ва ба фаъолият оғоз кардани агрегати аввали Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аз руйдодҳое мебошанд, ки дар китоби таърихи халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин навишта шудаанд. Ин ду падидаи нек бори дигар Тоҷикистон ва мардуми бофарҳанги тоҷикро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати бунёдкор ва ботадбир муаррифӣ кард.

Аз нав ва дар сатҳи баланди дӯстию ҳамкорӣ ва шарикии стратегӣ ба роҳ мондани муносибатҳои бародарию ҳамсоягии Тоҷикистону Ӯзбекистон, баргузории Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028”, Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез”, Мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳод, Ҷаласаи шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе ва таҷлили 25 — солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чорабиниҳои хотирмони соли 2018 маҳсуб меёбад.

22 декабри соли 2017 зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 — ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карданд. Аз 29 декабри соли 2017 таҳти рақами 977 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намудани соли 2018 ба тасвиб расид. Ҳадафи ин тадбир тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ, инчунин мусоидат кардан ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

Соли 2018 таҳти сарварӣ ва ҳидоятҳои раҳнамунсози Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030, барномаҳои давлатӣ, лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва дигар нақшаҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ пешравиҳои муҳиму назаррас ба амал омад.

Дар натиҷаи амалӣ намудани вазифаҳои дар Паёми соли 2017 баёншуда соли 2018 рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи 7,3 фоиз ҷамъбаст гардида, таваррум дар сатҳи 5,4 фоиз нигоҳ дошта шуд.

Пешрафти соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, бахусус, бахшҳои истеҳсолӣ таъмин гардида, зиёда аз 150 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода шуданд ва дар се соли охир шумораи шахсоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, 25 фоиз кам гардид.

Даромади пулии аҳолӣ 11 фоиз зиёд шуда, ҳаҷми пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар нисбат ба соли гузашта 9 фоиз афзуд ва сатҳи камбизоатӣ то 29,5 фоиз коҳиш ёфт.

Дар соҳаҳои иҷтимоӣ тамоюлҳои мусбат идома пайдо карда, аз ҷумла нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ ба 75 сол расид.

Дастовардҳои мамлакат давоми солҳои соҳибистиқлолӣ нишон медиҳад, ки роҳбарияти давлату ҳукумат барои рушду тараққиёти ҷумҳурӣ тамоми имкону захираҳоро сафарбар кардаанд, то ин ки тавассути таҳия ва татбиқи барномаҳои пурсамари давлатӣ, аз қабили стратегияҳои миллии рушд, ба комёбиҳо ноил гарданд.

Ислоҳоти иқтисодии тайи солҳои охир амалишуда ба беҳтар гардидани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ, аз ҷумла сармояи мустақим мусоидат карда истодааст.

Ҳоло дар кишвар татбиқи 70 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 30 миллиард сомонӣ идома дорад.

Дар 10 соли охир ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 33 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ворид гардидааст, ки қисми зиёди он ба рушди соҳаҳои энергетика, алоқа, сохтмон, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок ва бунёди инфрасохтор равона шудааст.

Барои ба кишвари тараққикардаву аз ҳар ҷиҳат пешрафта мубаддал кардани Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои расидан ба орзуҳои некро интихоб намуданд, ки инҳо баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад.

Баҳри татбиқи пурраи ин ҳадафҳои стратегӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 гомҳои устувор гузошт.

Иқдоми саноатикунонии мамлакат, яъне аз давлати аграрӣ ба индустриалӣ — аграрӣ мубаддал гардондани Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Пешвои миллат пеш гирифта шудааст, ба таври матлуб дар амал татбиқ мешавад.

Дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат дар се соли охир ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 15,2 то 17,3 фоиз афзоиш ёфт.

Дар робита ба ин ва бо дарназардошти аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шуд.

Вобаста ба ин, бояд то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22 фоиз расонида шавад.

Дар соли 2018 барои саноатикунонии кишвар аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бунёди Корхонаи саноатии “Комбинати ғанигардонии маъдани нуқра” дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ифтитоҳи навбати дуюми Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳҳомии пушидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил”, оғози сохтмони корхонаи бузурги саноатӣ дар мавзеи Кончочи ноҳияи Айнӣ ва дар пойтахти мамлакат гузоштани санги асос дар масоҳати 9 гектар барои бунёди 9 корхонаи истеҳсолӣ, заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.

Дар самти расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ бо истифода аз тамоми имконияту захираҳои гидроэнергетикии мамлакат, дар доираи “Барномаи давлатии дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ дар давоми солҳои 2009 — 2020” ва стратегияи миллии рушд бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат тадбирҳои мушаххас амалӣ мегардад.

Баъди таҷдиди пурра тавоноии ин се нерӯгоҳ нисбат ба ҳаҷми воқеии имрӯзаи онҳо, дар маҷмӯъ, 840 мегаватт афзоиш меёбад.

Барои боз ҳам устувор гардонидани низоми энергетикии кишвар кор доир ба татбиқи лоиҳаи минтақавии САSA-1000 оғоз гардидааст, ки маблағи умумии он қариб 11 миллиард сомонӣ (қисми Тоҷикистон 3,4 миллиард сомонӣ) буда, соли 2021 ба анҷом расонида мешавад.

Ҳамчунин, худи ҳамин сол барои фаъолияти самараноки нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дастгоҳи муосири тақсимкунандаи элегазӣ, яъне зеристгоҳи барқӣ ба маблағи 530 миллион сомонӣ, хатҳои интиқоли барқи 500 — киловолта дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (“Душанбе — Роғун”) ба маблағи қариб 750 миллион сомонӣ ва 220 — киловолтаи “Айнӣ — Рӯдакӣ” ба маблағи 250 миллион сомонӣ ба истифода супорида шуданд.

Соли 2018 бо иштироки Бунёдгузори Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати якум ба кор дароварда шуд. Аввалин нерӯ, рушноӣ ва гармии ин иншооти тақдирсоз ба хонадони мардуми тоҷик ворид гардид.

Соли 2018 ҳамчунин дар ноҳияи дурдасти Мурғоб Нерӯгоҳи барқи обии “Тоҷикистон” бо иқтидори 1500 кВт, ба истифода дода шуда, баъди таҷдид агрегати 5 — уми Нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” ба фаъолият оғоз кард.

Дар самти аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ва бо мақсади осон гардонидани рафтуомади воситаҳои нақлиёт ва мусофирон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола аз буҷети давлат барои таъмиру таҷдиди роҳу пулҳо, сохтмон ва азнавсозии роҳҳои маҳаллӣ ва дорои аҳамияти байналмилалӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо менамояд. Давоми соли 2018 дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд қитъаи роҳи мошингарди “Деҳмой-Меҳробод-Маданият” ва дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои тобеъи марказ ва шаҳри Душанбе ба хотири истиқболи сазовори 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо километр роҳҳои байнишаҳрӣ ва маҳаллӣ мумфарш карда шуд.

Дар роҳи татбиқи ҳадафи сеюм ва стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — таъмини амнияти озуқаворӣ тадбирҳои муассир андешида мешавад. Вобаста ба рушди соҳаи таъминкунандаи маводи ниёзи аввал аз ҷониби Президенти мамлакат барномаҳои гуногуни давлатӣ қабул гардиданд. Тавассути татбиқи барномаву стратегияҳои давлатӣ ба рушди соҳаи чорводорӣ, паррандапарварӣ, моҳидорӣ, занбуриасалпарварӣ, тухмипарварӣ, бунёди боғҳои нав, ба гардиш даровардани заминҳои кишт, обёрии заминҳо, содироти меваю сабзавот, хушкмеваҳо ва таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ заминаҳои мусоид фароҳам омад. Бо бунёди корхонаҳои истеҳсолии саноатӣ шумораи зиёди ҷойҳои корӣ таъсис дода шуд. Баробари ифтитоҳи корхонаҳо дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва дигар гушаҳои кишвар акнун коркарди ашёи хом то ҳадди ниҳоӣ — маҳсулоти тайёр ба роҳ монда шуд. Вобаста ба талабот ба ҳосили сабзавоту полезӣ, меваю хушкмеваҳо, асали хушсифат ва дигар маҳсулоти ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгу, содироти ин маҳсулот ба хориҷ хуб ба роҳ монда шуд.

Инсон дар сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат мавқеъи хоса дорад. Нишондиҳандаҳои рушди неруи инсонӣ аз се самти асосӣ — дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустиву дарозумрӣ ва сатҳи шоистаи зиндагӣ иборат мебошанд. Ҳукумати мамлакат барои беҳтар шудани вазъ дар самтҳои мазкур барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои иловагиро амалӣ карда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти мамлакат иброз доштанд, ки қисми даромади буҷети давлатӣ аз 6,5 миллиард сомонии соли 2010 дар соли 2019 ба 24 миллиард сомонӣ расонида мешавад, ки афзоиши он қариб 4 баробар ва ҳиссаи хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ 43,7 фоизро ташкил медиҳад.

Дар буҷети соли 2019 нисбат ба соли 2018 ба соҳаҳои фарҳангу варзиш 17,3 фоиз, илму маориф 14, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 9,5 ва тандурустӣ 7,2 фоиз зиёд маблағ равона карда мешавад.

Тибқи нақшаҳои тасдиқшуда дар соли 2019 афзоиши қисми даромади буҷети давлатӣ нисбат ба соли 2018 13 фоиз, суръати рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз 7 фоиз ва таваррум дар сатҳи на зиёда аз 7 фоиз таъмин гардида, даромади пулии аҳолӣ на кам аз 10 фоиз афзоиш меёбад.

Дар соҳаи маориф ҳадафи стратегии сиёсати иҷтимоии давлат ба он равона гардидааст, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ танҳо ба омӯзиши назариявии фанҳои алоҳида маҳдуд нашуда, дар баробари корҳои амаливу озмоишӣ, инчунин, бояд соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосир бошанд.

Дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ислоҳот бомаром идома ёфта, дар натиҷаи мунтазам афзудани маблағгузорӣ даҳҳо муассисаҳои нави тандурустии дорои таҷҳизоти замонавии тиббӣ мавриди истифода қарор гирифта, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар шуда истодааст.

Дар соҳаи фарҳанг мақсаду вазифаҳо бештар ба масъалаҳои ташаккули маънавиёт, омӯзиши амиқи таъриху фарҳанги гузаштаву муосири халқи тоҷик, баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, инчунин дар тафаккури мардум ва махсусан, наврасону ҷавонон густариш додани эҳсоси эҳтиром ба муқаддасоти милливу рамзҳои давлатӣ равона мегарданд.

Соли 2018 шаҳрвандони кишвар бо ҷонибдорӣ аз сиёсати роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ, бо иродаи мустаҳкам, иттиҳоду сарҷамъӣ, саъю талоши аҳлона, заҳмати содиқонаву софдилона, масъулияти баланд ва ташаббусҳои созанда дар корҳои бунёду барқарор кардани боғҳои наву куҳна, сохтмони марказҳои фарҳангию фароғатӣ, мактабҳо, марказҳои саломатӣ, майдончаҳои варзишӣ, ободонии маҳалҳо, кӯчаву хиёбон, бахусус ба шаҳри зебо табдил додани пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе, саҳми босазо гузоштанд.

Рӯйдоди муҳиму хотирмони дигар, ки охири соли 2018 ба вуқуъ пайваст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Паём ҳамчун як барномаи мукаммали фаъолияти минбаъдаи кормандони тамоми сохторҳо, инчунин сокинони ҷумҳурӣ мебошад, зеро Сарвари давлат дар он ба таври мушаххас ва возеҳу равшан тамоми тадбирҳоро баҳри ба давлати пешрафта мубаддал кардани сарзамин нишон додаанд.

19 декабри соли 2017 таҳти рақами 968 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расид, ки тибқи он соли 2021 дар саросари кишвар ин иди умумимиллӣ бояд дар сатҳи баланд ва бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардад.

Ба андешаи Президенти мамлакат Истиқлолияти давлатӣ яке аз бузургтарин ҷашнҳои миллии мардуми тоҷик мебошад, аз ин ру баҳри гиромидошти муқаддасоти сарзамини аҷдодӣ ва таҷлили бошукуҳи он бояд тадбирҳои мушаххас амалӣ гардад.

Дар асоси супориши Сарвари давлат барои дар сатҳи баланди ташкилӣ истиқбол гирифтани 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия ва аз ҳисоби аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ дар ҳама шаҳру ноҳияҳо шахсони мутасаддӣ таъин карда шуд. Шуруъ аз рӯзҳои аввали ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони ватандӯст баҳри ободонии диёр ва маҳалли хеш иқдомҳои шоистаро амалӣ менамоянд.

Ҷараёни татбиқи Фармон зимни сафарҳои корӣ аз ҷониби Сарвари давлат натиҷагирӣ карда мешавад.

Давоми соли 2018 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири шиносоӣ бо шароити зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти нави таъиноти гуногун ва бо мақсади оғоз бахшидан ба корҳои ободонӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафарҳои корӣ анҷом доданд. Аз ҷумла, моҳи сентябр ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, моҳҳои март, июн ва октябр ба вилояти Суғд, моҳҳои апрел, июн, сентябр ва ноябр ба вилояти Хатлон, моҳи июл ва декабр ба ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе.

Ҳар як сафари Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳо муждаи ободонию созандагӣ буда, мулоқоту суҳбатҳои самимии Сарвари давлат бо мардум рӯҳияи онҳоро барои ба мамлакати пешрафта мубаддал кардани Тоҷикистон баланд мебардорад.

Соли 2018 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба бо сафари корӣ ба шаҳри Роғун ташриф оварданд.

Агар маротибаи аввал моҳи июл ҳадафи сафари кории Сарвари давлат шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, аз ҷумла бунёди сарбанди Нерӯгоҳ, ифтитоҳи марҳилаи аввали хати конвейерӣ, иншооти Сойи оби шӯр ва садди муҳофизатӣ, рафти корҳои арматурбандӣ ва бетонрезӣ дар қитъаи гузариши нақбҳои сохтмонии СТ-1 ва СТ-2, бинои идоракунии нерӯгоҳ, корҳои берунаи бинои таҷҳизоти элегазии тақсимкунандаи барқ, рафти корҳо дар толори мошинҳо ва бинои трансформаторҳо бошад, пас зимни сафари дуюм моҳи ноябр Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” — ро ба кор андохтанд.

16 ноябр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маҳалли сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ-и “Душанбе-Роғун”-ро бо пахши васлак ба истифода дода, орзуву омоли деринаи миллати тоҷикро ҷомаи амал пӯшониданд. Хатти баландшиддат дар доираи лоиҳаи “Барқарорсозӣ ва сохтмони хати баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ” амалӣ шуд.

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” оғози расмӣ бахшиданд. Дар ин иншооти болопӯшида 19 адад дастгоҳи элегазии 500 кВ ва 4 дастгоҳи элегазии 220 кВ насб гардидааст. Интиқоли неруи барқ аз ин иншоот ба системаи ягонаи энергетикии мамлакат тавассути шаш хати барқи ҳавоии 500 кВ сурат мегирад. Ҳамчунин аз таҷҳизоти мазкур тавассути як хати дузанҷираи 220 кВ то зеристгоҳи барқии шаҳри Роғун неруи барқ интиқол дода хоҳад шуд.

16 ноябри соли 2018 дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди муҳиму тақдирсоз ба вуқуъ пайваста, қадами устуворе барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ гузошта шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ба кор андохтани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба фаъолияти ин иншооти бузурги аср, ки ба рушду тараққиёти кишвар мусоидат хоҳад кард, оғоз бахшиданд. Баъди ба кор даровардани агрегати якум неруи барқи “Роғун” ба системаи умумии энергетикии мамлакат интиқол дода шуд. Акнун равшанию гармии кохи нури Тоҷикистон — Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба хонадони тоҷикистониён ворид гардид. Мардуми шарафманди тоҷик ин рӯзро бесаброна интизор буданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани аввалин агрегати неругоҳ таъкид доштанд, ки “расидан ба ин рӯзи некро тамоми сокинони Тоҷикистон солҳо интизор буданд ва фарзандони бонангу номуси Ватан — мутахассисону сохтмончиёни баландихтисос барои наздик овардани чунин рӯзи таърихӣ шабонарӯз заҳмат кашиданд. Яъне имрӯз рӯзи равшаниву нур ва расидан ба ормонҳои миллӣ мебошад”.

Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, пуриқтидортарин иншоотҳои силсилаи неругоҳҳои рӯди Вахш, аз 6 агрегат иборат аст, ки тавоноии ҳар кадом 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Нерӯгоҳи “Роғун” бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт — соат) калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд. Ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии Нерӯгоҳи барқи обии “Норак” якуним баробар зиёд мебошад.

“Роғун” — ро Сарвари давлат ҳаёту мамоти мардуми Тоҷикистон номидаанд. Ба фаъолият оғоз кардани неругоҳ рӯйдоди муҳим дар таърихи давлатдории миллати тоҷик аст ва он дар китоби таърихи миллати мо бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд. Зеро барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи неругоҳ эҳтиёҷи ба барқ доштаи Тоҷикистонро комилан конеъ карда, барои инкишофи иқтисодиёти кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.

Ба таъкиди коршиносони байналмилалӣ ибтикори Сарвари давлати Тоҷикистон дар бунёди Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” паёмади шуҷоати фитрӣ, истеъдоди камназири кишвардорӣ, муҳаббати бепоён ба халқу Ватан ва талошҳои хастанопазир барои зиндагии беҳтару шоистаи мардум мебошад, ки нафақат истиқлолияти энергетикии мамлакатро таъмин мекунад, дар иқтисодиёти миллӣ ҷаҳишҳо ва пешрафтҳои беназирро ба амал меоварад, балки ба сифати ғояи ҳаётбахши умумимиллӣ ваҳдату иттиҳоди халқи Тоҷикистонро аз азамату пойдории бештаре бархурдор менамояд.

14 ноябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ба фаъолият оғоз кардани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба беш аз 100 нафар мутахассисони касбу кори гуногуни арсаи нангу номус мукофотҳои давлатӣ супориданд.

Дар маросими навбатии супоридани мукофотҳои давлатӣ аз корманди оддӣ сар карда, то экскваторчӣ, васлгару ронанда, нақбкану кафшергар, пармагару барқчӣ, дуредгару муҳандис ва роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ иштирок доштанд, ки дар қитъаҳои гуногуни ҷабҳаи нангу номус бо садоқат ба давлату миллат заҳмат мекашанд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии сохтмончиёни Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун”” барои дастовардҳои баланди истеҳсолӣ, фаъолияти самаранок ва саҳми арзанда дар бунёди Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” коргарон бо Ордени “Шараф дараҷаи 2”, Медали “Хизмати шоиста” ва “Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадр карда шуданд.

Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби Бунёдгузори Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳ ба 22 ҳазор нафар коргарон тӯҳфаҳои арзишманд — соатҳои дастӣ такдим карда шуд.

Соли 2018 дар баробари рушду пешрафти минтақаҳои гуногуни кишвар таваҷҷуҳ ба ободонию тараққиёти пойтахти ҷумҳурӣ бештар гардида, барои ба як маркази муосири маъмуриву фарҳангии Тоҷикистон мубаддал гардонидани шаҳри Душанбе иқдомҳои шоиста роҳандозӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ вобаста ба ободу зебо гардонидани шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти давлати тозаистиқлол тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида, барои ба марҳалаҳои нави рушди иқтисодиву иҷтимоии расонидани пойтахт заминаҳои созгор фароҳам овардааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф ҳамчун соҳаи пешбарандаи ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамоянд ва бунёду навсозии муассисаҳои таълимии муосир низ аз ҷумлаи иқдомҳое мебошад, ки барои таъмини пешрафти соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат амалӣ карда мешаванд.

Вусъати бесобиқаи тадбирҳои ободонию созандагӣ дар шаҳри Душанбе тайи солҳои охир имкон фароҳам овардааст, ки бо бунёд ва навсозии иншооти гуногун симои пойтахти азизамон шаҳри Душанбе куллан тағийр ёфта, дар мавзеъҳои зиёди фарҳангию фароғатӣ барои сокинону меҳмонон хизматрасонии босифат ба роҳ монда шавад.

Дар кӯтоҳтарин муҳлат кӯчаву хиёбонҳо, мавзеъҳои фарҳангию фароғатӣ ва гулгаштҳо дар шаҳри Душанбе комилан навсозӣ шуда, барои баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ низ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

Дар давоми наздик ба 2 соли охир дар шаҳри Душанбе 4 боғи фарҳангу фароғатӣ, 47 гулгашт ва майдончаҳои зиёди варзишӣ бунёд ва навсозӣ гардиданд, ки феълан сокинони пойтахт аз ин шароити муҳайёкардашуда ба таври васеъ истифода мебаранд.

9 ноябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвар бинои нави маъмурии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур бинои Маркази муқовимат ба терроризм, экстремизм ва сепаратизми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо лоиҳаҳои иншооти нав, аз қабили биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маъмурӣ, таълимӣ ва марказҳои муосири савдою хизматрасонии дар кӯчаи Садриддин Айнӣ аз буриши хиёбони Рӯдакӣ то буриши кӯчаи Дӯстии халқҳо бунёдшаванда ва дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо лоиҳаҳои бунёди муассисаҳои таълимии муосир шинос шуда, барои оғози корҳои сохтмонӣ дар 7 мактаби нав санги асос гузоштанд.

Як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 2560 нафар дар ду баст дар маҳаллаи Меҳрободи ноҳияи Сино, мактаб бо 2560 ҷой дар ҳудуди тараққиёти шаҳри Душанбе, мактаб бо 2560 ҷой дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, мактаб бо 2400 ҷой дар маҳаллаи 65 — уми ноҳияи Фирдавсӣ, мактаб бо 2400 ҷой дар маҳаллаи Ховарони шаҳри Душанбе, Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53 бо 2400 ҷой дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 бо 2400 ҷой дар ду баст дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бунёд карда мешавад. Дар маҷмуъ аз ҷониби Пешвои миллат барои оғози корҳои сохтмонӣ дар 7 мактаб бо 17 ҳазору 80 ҷойи нишаст санги асос гузошта шуд. Айни ҳол дар шаҳри Душанбе бунёди боз панҷ мактаби муосири дигар идома дорад.

Мавриди зикр аст, ки бо ташаббус ва ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ 22 мактаби наву замонавӣ бо 30 ҳазор ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода дода мешавад, ки ин талаботи ноҳияҳои пойтахтро барои бо ҷойи нишаст таъмин кардани хонандагон пурра қонеъ мегардонад.

Бунёди муассисаҳои нави таълимӣ дар пойтахт аз ҳадафҳои сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои таъмини хонандагон бо шароити муосири илмомӯзӣ ва беҳтар кардани сифати таълиму тарбияи насли навраси кишвар мусоидат мекунад.

Мавриди зикр аст, ки тайи беш аз як соли фаъолияти пурсамар ва созанда бо ташаббус ва роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти Тоҷикистони биҳиштосо симои тоза гирифт. Дар як муддати кутоҳ дар шаҳри Душанбе даҳҳо иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла мактабҳо, иншооти маъмурӣ, майдончаҳои варзишӣ, боғҳо, гулгашту хиёбонҳо ва дигар марказҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд шуданд. Ҳамаи ин тадбирҳои созандаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба хотири татбиқи сиёсати бобарор ва созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои неки Президенти мамлакат амалӣ мегарданд.

26 декабри соли 2018 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор шуд, ки дар он Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат таъкид доштанд, ки соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳиму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд.

Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об — Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид.

Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ — истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳалли масъалаҳои дар тӯли зиёда аз ду даҳсола бавуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯйдоди сеюми таърихӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии мардум мебошад.

Бо мақсади ба як кишвари индустриалӣ мубаддал кардани Тоҷикистон ва бо дарназардошти афзоиши ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ Президенти мамлакат саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон карданд.

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ба дарки аҳаммияти самтҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшид, вале барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда, муаррифии пурраи имкониятҳои сайёҳии кишвари мо, эҳё