БОСМАЧӢ АЗ БОСМАЧИЁН ДИФОЪ МЕКУНАД!

босмач

Аюбова Ф.,

устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Солҳои охир роҳбарият ва намояндагони ТЭТ ҲНИ бо  муроҷиати худ ба кишварҳои кафили сулҳи тоҷикон худро чун “қосиди сулҳ” нишон дода истодааст. Чунин рафтори онҳо вақтҳои охир маълум шуда, бо барномаҳои якрангу бемантиқи худ дар назди мардум баромадҳо мекунанд.

Дар суханронии худ Муҳиддин Кабирӣ ҷангҳои дохилаи кишварро бар дӯши собиқ коммунистон ва дигар манфиатхоҳон бор кард. Вай бо зикри “нерӯҳои ватандӯсту истиқлохоҳон ва озодандеши кишвар” ёдовар шуд ва магар инҳо Сайидабдуллоҳи Нурӣ, Тоҳирӣ Абдуҷаббору боз чандеи дигар нестанд, ки ба сари миллат ҷанги шаҳрвандиро таҳмил кардаанд.

Кабирӣ борҳо дар баромади хеш аз “нақши таърихӣ”-и Иттиҳоди опозитсиони тоҷик ҳарф зада, сулҳу ваҳдатро моли наҳзатиён донистааст. Дар суханронии ҳангомаҷӯёнаи охир вай дар ин бора сухане нагуфт.

Ба Кабирӣ ва дигар иттифоқчиёни нави вай гуфтанием, ки офарин ба он давлатҳое, ки ба халқи тоҷик, миллати тоҷик, ба сулҳҷӯву сулҳпарвар будани ин миллати азияткашида бовар карда,  сарпарастии сулҳро ба ӯҳда гирифта, барои пешгирии ҷанги шаҳрвандӣ – ҷанги бародаркуш мусоидат карданд.

Роҳбарият ва аъзои ТЭТ ҲНИ кадом вазъи Тоҷикистонро номуносиб, ғайриқонунӣ, ғайриахлоқӣ ҳисобида, имрӯз мардумро боз ба шӯр андохтанӣ мешаванд. Ӯ босмачиёнро, ки оғози асри 20 ба куштори мардум даст зада буданд, инсонҳои ватандӯсту миллатпараст унвон кард. Аммо, ҳарфе аз аввалин инсонҳои бавиҷдону маорифпарвари он солҳо нагуфт.

Пас, маълум мешавад, ки ӯ низ аз он босмачиён беш нест. Ба Кабириву “кабириҳо” гуфтанием, бас аст, тафриқандозӣ, бас аст хунрезӣ, ятим мондани фарзандон, беваву бесарпаноҳ гузоштани модарон, доғи фарзанд дидани падару модарон!

Кадом инсони солимфикр барои зиндагии хушбахтонаи мардум монеъ мешавад? Ин ҳамон як-ду нафаре ҳастанд, ки ҳоло ҳам чашмашон дар хоб асту ин зиндагии осудаву ободро дида наметавонанд. Мансабу курсиҳои роҳбари давлат бовар кардаро туфайли аъмоли ношоиставу хиёнат ба Ватан аз даст додаву дар аламанд. Бале, ба хотири осоиштагӣ Пешвои миллат замоне 30 дарсади вазифаҳои калидии ҳукуматро ба ихтиёри нерӯҳои мухолифин вогузор намуданд. Аммо, дидем, ки онҳо чи кор карданд. Хиёнати Ҳоҷӣ Ҳалим намунаест аз онҳо.

То дирӯз иаддае аз мардум ҲНИТ-ро ҳамчун ҳизби сиёсӣ эътироф кардаву ин ҳизб фаъолияти озодона дошт, ҳарчанд, амалҳои зишти худро пардапӯшона ва зери мафҳуми “демократӣ” амалӣ мекард. Мутаассифона ин ҳизби имрӯз мамнӯъ бо роҳи фиреб боварии гурӯҳеро дар ҷомеа ба даст оварда буд. Вале, ин афроди раҳгумзада бо дарки фаъолияти носолими ҳизби наҳзат аз сафҳои он хориҷ шуданд ва имрӯз Кабирӣ бо чанд нафараке аз ҳар фурсат истифода карда, ҷор мезанад.

Чӣ хеле, ки ба мо маълум аст қариб тамоми аҳолии Тоҷикистонро мусулмонҳо ташкил медиҳанд. Қисми зиёди онҳо пайрави мазҳаби ҳанафӣ мебошанд.

Давоми солҳои охир як зумра аз аъзои собиқ ҳизби наҳзати исломӣ, ки имрўз ташкилоти терористию экстремистӣ эътироф гардидааст, рафтори ношоиста, кирдори ифротгароёна, фаъолияти ҷудоиандозиро пеша намуда, вазъи оромии ҷомеаро халалдор мекарданд.

Имрӯз бошад, Кабирӣ ҳар минбарро бо пуштибонии хоҷагонаш ба манфиати худу зиёни миллат истифода мекунад. Чанде пеш дар як конфронси САҲА дар Варшава гӯё аз худу ҳаммаслаконаш дифоъ мекард. Гуноҳи нобахшидании худу аъзояшро рӯйпӯш карда, иддао менамуд, ки ин корҳо гӯё аз ҷониби мақомоти кишвар амалӣ шуда истодаанд. Аммо, ҳақиқат барои халқ ошкор аст, ҳоҷат ба шарҳу тавзеҳи сохтаву дурӯҳини Кабирӣ нест. Баҳояшро Кабирӣ худ дод, ки босмачӣ аст, на чизи дигар!

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>