Изҳороти аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Ашт

LOGO

Мо — ҷавонони саодатманди Аштзамин бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот ва оромии Тоҷикистони азиз баҳри тараққиёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар кӯшиш ба харҷ дода истодаем ва ояндаи дурахшони хешро таҳти роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҳем сохт. Аз ин ҷост, ки Пешвои муаззами миллат нисбати мо- қишри пешбарандаи ҷомеа таваҷҷуҳи самимӣ ва ҳамешагӣ доранд.

Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ кишвари азизамон аз санҷишҳои сангини ҷанги бародаркушӣ гузашта, ба муваффақиятҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардид, ки ҳамагон аз он ба хубӣ бархӯрдор ҳастем. Вале тамоми дастоварҳои назаррас, ки таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат ба даст омадааст ва ҷаҳониён имрӯз Тоҷикистонро ҳамчун давлати тараққикардаистода эътироф намудаанд, ба чашми бадхоҳони миллат аз аввал намерасид ва имрӯзу фардо ҳам нахоҳад расид.

Вазъи ҷаҳони имрӯза махсусан аз мо — ҷавонон тақозо менамояд, ки ҳушёру зирак бошем, аз вазъияти сиёсии минтақа ва ҷаҳон огоҳии комил дошта, ба ҳар як ҳодисаву воқеаҳо баҳои ҳақиқӣ дода тавонем.

Имрӯзҳо шабакаҳои иҷтимоиро шарҳу тавзеҳҳои баромади яке аз  хиёнаткорони миллати тоҷик Кабирии беватан фаро гирифтааст, ки ғайр аз се – чор нафар ғуломони ҳалқабаргӯшаш дигарон нафрину маломат ва вокунишҳои рӯирост нишон дода истодаанд.

Кабирӣ ҳангоми посух ба саволҳо, ки атрофи он чун тортанак тор метаниду чандин маротиба бо ибораи “бо иҷозати дӯстон”-аш, ки гуё ба ҳар як ҷавобаш аз паси парда доллар нишон медода бошанд, ларзон-ларзон сухан мегуфт, барои Тоҷикистон чӣ нафъ меоварад? “Паймони миллӣ” гуфта, кадом миллатро дар назар дорад? Ҷавонони имрӯзаро ояндаи неку дурахшон интизор аст, на ин ки суханҳои пучу бемағзу афсонаҳои бофтаи Кабирӣ! Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш хеле хуб таҳлил намудаанд, ки ҷомеаи Тоҷикистон  онҳоро ҳеҷ гоҳ намепазирад ва ин суханпардозиҳояшон бефоида аст.

Мо шукргузор аз он ҳастем, ки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватан мебошем ва дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки тамоми ҳастиашонро барои саодату сарафрозии миллат бахшидаанд, умр ба сар мебарем, ҳеҷ гоҳ заҳмату талошҳои роҳбари давлатамонро фаромӯш нахоҳем кард.

Аз ин лиҳоз, мо ҷавонони боғурури ноҳия дар атрофи ғояҳои созандаи Асосгузори сулху вахдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон сарҷамъ ҳастем ва рафтору кирдори баъзе “ислоҳотталабон”-ро, ки мақсади ғаразнок доранд, маҳкум менамоем, ба мисли оне ки Кабириро занони ҷамоати шаҳраки Шайдон аз ноҳияи Ашт ронда буданд!

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>