Кабирӣ, аз хориҷа кадом “ҳақиқат”-ро мегӯяд?

LOGO

Шариф Ҳакимов,

аз ноҳияи Спитамен 

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ чашмам ба гуфтугӯи Муҳиддин Кабирӣ фуромад. Бароям аҷиб буд, ин як шахси ватанфурӯш, тероррист ва хоини миллат худро чӣ гуна тавсиф менамояд. Аз гапҳояш, ки ӯро  раиси Паймони миллии Тоҷикистон интихоб намудаанд, гӯё Кабирӣ дар вақти дар Тоҷикистон буданаш барои халқу ватан бисёр хизматҳои шоён намудааст. Ман ҳайронам, ки ӯ ғайр аз хиёнат боз чӣ корҳоро ба анҷом расонидааст. Агар аз рӯйи адолату виҷдон дар Тоҷикистон фаъолият бурда бошад, чаро имрӯз гуреза асту барои хаспӯш намудани ҷиноятҳои худ дигаронро айбдор менамояд? Ба Кабирӣ кӣ иҷозат додааст, ки аз номи Тоҷикистон ҳарф занад? Дар Тоҷикистон як мактаб сохтааст ва мегӯяд, ки кадом ҳизб барои ватан ягон чиз сохтааст. Оё чашми ӯ ҳазорҳо муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳои саноатӣ, марказҳои саломатӣ, кӯдакистонҳои замонавиро намебинад, ки дар кишвар сохта ба истифода дода шуда истодаанд?

Танҳо дар як ноҳияи Спитамен то ҷашни 30-солагии Истқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 350 адад иншоотҳои иҷтимоӣ сохта,ба истифода дода мешаванд. Ин ҳама созандагӣ ва ободкориҳо аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад.

Чунин ободкориҳо ва ва рушду тараққиётро дар сар то сари кишвар дучор мешавем. Аммо Кабирию ҳампешагонаш ин ҳамаро намебинанд. Зеро чашми ҳақиқатбин надоранд, вале худро “ҳақиқатгӯ” вонамуд месозанд. Ақалан азоби виҷдон намекашанд ин тоифа, ки дар рӯй ниқоб кашида, ҳарфҳои сохтаву бофта мегӯянд…

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>