ГУФТУГӮИ БЕМАНТИҚИ КАБИРӢ

LOGO

Оғози асри ХХI ба саршавии ҷанги иттилоотӣ ибтидо бахшид. Зеро айни замон ба давлатҳои абарқудрат бо силоҳи «маънавӣ» ҷангидан беҳтар аст. Онҳо қувва ва нерўи ақлонии хешро сарфа намуда, барои халалдор сохтани оромии давлатҳои осоишта равона месозанд.

Мисоли гуфтаҳои боло он аст, ки рафторҳои хоинонаи Кабирӣ ба зидди Ватани худ ин беадолатӣ, хунсардии ўро нишон медиҳад. Аз дигар давлат истода, тинҷиву оромии кишварро халалдор карда истодааст. Он баромади онлайне, ки тариқи шабакаи интернетӣ Муҳиддин Кабирӣ кард, ба ягон чаҳорчўбаи қолаб намегунҷад. Зеро суханҳои бемантиқи ў танҳо мафкураи шахсони гумроҳ ва бесаводро мемонад.

Нест бод он хоини давлате, ки бар зидди бародарони худ теғи ситамро бардоштааст. Ифротгароён дин, давлат, миллат, забон ва Ватан надоранд. Ҳамеша ва дар ҳар куҷо бегона ҳастанд. Разил, душман, хоин гуфтан ҳам ҷоиз аст, зеро амали нопоки онҳо ба ин гапҳо арзандааст.

Дар давлати навҷавони мо чунин ифротиён, фосиқон ва разилон кўшиш карда истодаанд, ки фитна андозанд. Лекин, мо, Пешвои миллат дорем, сиёсати пурзўри зиддиифротӣ дорем, ки пешгирандаи ҳама гуна ҳаракатҳои характери экстремистиву террористӣ аст. Мо аҳли зиёи ҷомеа сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, баҳри решакан намудани зуҳуроти номатлуб кӯшиш мекунем. Нест бод Кабирӣ ва Паймони дуруғини ӯ!!!

 

Юсупов Д. – н.и.и., дотсент, мудири

кафедраи кори бонкии ДДҲБСТ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>