Тарғибот бо усули муосир

DSC_1614

Дар маҳаллаҳои Поён ва Куктеппаи деҳаи Даҳанаи Ҷамоати Шайдон мулоқоти роҳбарияти кумитаи иҷроияи ноҳияи Ашт бо собиқадорону фаъолзанон ва ҷавонони маҳал тариқи усули муосири тарғибот – маҳалла ба маҳалла доир гардид.

Баҳриддин Зиёӣ, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия ҷиҳати дастовардҳои назарраси соли 2018, ки дар Паём зикр гардидаанд, ҳарф зад.  Мазмун ва моҳияти аслии Паём, ки барои зиндагии шоистаи мардум ва рушду тараққиёти минбаъдаи кишвар нигаронида шудааст, ба сокинон шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Муътабар Мадаминова, раиси Шурои собиқадорони КИ ҲХДТ бобати масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили татбиқи амалии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ ибрози назар намуд.

Бояд тазаккур дод, ки омӯзиш, ташреҳ, тарғиб ва татбиқи амалии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми сол тариқи тарғиботи хона ба хона, кӯча ба кӯча ва маҳалла ба маҳалла тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳотро фаро хоҳад гирифт.DSC_1578

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>