Аёдати бошандагони Хонаи пиронсолон

IMG-be2ab48ec3993d30a7c97bb453e18757-V

Дар рўзи иди касбии кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва меҳнат  раиси  КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода бо ҳамкорон  ба Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳр ташриф оварда, бо онҳо сӯҳбату дидорбинӣ намуд.

Дар ин ҷо аз ҷониби кумитаи иҷроия 80 нафар бошандагони Хонаи пиронсолон аёдат гардида, ба муассиса маводи хӯрока ва шириниҳо тақдим карда шуд.

Барои чунин таваҷҷӯҳ бошандагони Хонаи пиронсолон ба роҳбарияти ҲХДТ изҳори сипос намуданд.

Дастгирии иҷтимоии аҳолӣ, махсусан, ашхоси мӯҳтоҷ, пирону собиқадорон аз самтҳои муҳими фаъолияти ҲХДТ маҳсуб гардида, дар ин самт аз ҷониби ҳизбиёни вилоят тадбирҳои муҳим андешида мешаванд.

Ташаббуси навбатии кумитаи иҷроияи шаҳри Панҷакент низ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.IMG-bb00fc57303159dababa2a8a093f6b63-V

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>