Ғолибиятро ҳифз мекунем!

LOGO

Гузориш

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт, қариб аз 10 ҳазор аъзоро дар бар мегирад, ки 5648 нафари онҳо занҳо мебошанд. КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт аз 11-уми майи соли 1998 фаъолияти худро оғоз намуда, солҳои минбаъда фаъолияти худро оиди иҷрои Барномаҳои ҲХДТ, муҳимтарин самтҳои рушди кишвар, ки солҳои 2015-2020-ро дар бар мегирад, ҷоннок намудааст.

Корбарии кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоӣ дар давоми соли 2018 ба омӯзиш, тарғиб ва татбиқи амалии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2017 нигаронида шуда буд.

20-уми декабри соли 2018 бахшида ба 24-солагии таъсисёбии ҲХДТ Конфронси назариявӣ таҳти унвони «Бақои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар садоқати аъзоёнаш аст!» бо иштироки Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода баргузор гардид, ки он ба як ҷамъомади пуршукӯҳи хотирмон табдил ёфт. Дар баромади худ Сатториён Матлубахон Амонзода корҳои назаррас ва фаъолияти пурсамари кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Аштро бо пуррагӣ таҳлилу баррасӣ намуда, даъват карданд, ки аъзоёни ҲХДТ дар ноҳияи Ашт ва ташкилотҳои ибтидоии он садоқатмандона кор баранду дар иҷрои нақшаҳои ободгарӣ ва созандагии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми сазовори худро гузоранд. Дар ин Конфронси назариявӣ Сатториён Матлубахон Амонзода 7 нафар собиқадорони ҳизбро бо Сипосномаҳои вилоятии ҳизб қадр намуданд. Аз дасти Раиси КИ ҲХДТ дар вилоят Сатториён Матлубахон Амонзода гирифтани медалҳои ҷашнӣ, ба собиқадорони ҳизб Муҳаммадиев Р. ва Ваҳҳобов Н. як шарафи бузург буда, онҳо дар баромадҳояшон сипосгузорӣ намуда, боз ваъда доданд, ки дар иҷрои нақшаҳои ободгарӣ ва созандагии ҲХДТ дар ноҳияи Ашт ва тарбияи ҷавонон кӯшишу ғайрати худро дучанд карда, ба тарбияи меҳанпарастию худшиносии онҳо эътибори доимӣ хоҳанд дод. Дар ин конфронси пуршукӯҳ зиёда аз 40 нафар бо тӯҳфаҳои хотирмон мукофотонида шуда, 10 нафар собиқадорони ҳизб ва ташвиқотчиёну тарғиботчиёни ҲХДТ дар ноҳияи Ашт бо Сипосномаҳои ҳизб қадрдонӣ карда шуданд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт давоми соли 2018 ба қабули сифатноки аъзоёни ҳизб аҳамият дода, сафи ҳизбро аз ҳисоби кормандони ҷавони ташкилоту муассисаҳо зиёд намуд. Ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» роҳбараш Маҷидов Б., шӯъбаи кор бо ҷавонон роҳбараш Рӯзиматов Д. корбариро байни ҷавонон беҳтар намуда, дар ҷамъомадҳояшон ба он эътибор дода истодаанд, ки ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ шомил нашаванду бомаърифат ба воя расида, хизмат дар сафи артиши миллиро қарзи ҷонии худ донанд.

Дар кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт 8 нафар ҷавонон дар рӯҳияи садоқат ба Ватан кор карда истодаанд. Баргузории рӯзҳои ахбори сиёсӣ мувофиқи нақша ба роҳ монда шудааст, то имрӯз 66 маротиба соатҳои сиёсӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ мақсаднок гузаронида шуд. Зиёда аз 10 мавзӯҳо «Эмомалӣ Раҳмон – ҳомӣ ва пуштибони ҷавонон», «Забони миллат – ҳастии миллат», «Иҷлосия – воқеаи сарнавиштсозу наҷотбахши миллат», «Эҳтироми рамзҳои давлатӣ эҳтироми миллат аст» бахшида шуда, шунавандагони зиёди худро дарёфтааст. Гурӯҳи тарғиботу ташвиқотии назди кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб аз Шӯрои собиқадорон, шӯъбаи кор бо ҷавонон, занон оиди баланд бардоштани нуфузу эътибори ҲХДТ ва Раиси муаззами ҳизбамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ташвиқотию тарғиботиро беҳтар ба роҳ мондаанд. Дар натиҷа, ба рӯзномаи “Минбари халқ” 1350 нафар ва рӯзномаи “Сухани халқ” 1153 нафар обуна шуда, ин рӯзномаҳо чун рӯзномаҳои хонданибоби мардум эътибор пайдо кардаанд.

Аз собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Ашт гурӯҳҳои фаврии вокуниши ташкилшуда ташвиқоту тарғиботро нисбати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар корхонаю маҳаллаҳо, ҷои кору зисти ҷавонон ва муассисаҳои таълимӣ беҳтар ба роҳ монда шудааст.

Аълочии маориф ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм Н. Иброҳимов узви иттифоқи журналистони ҷумҳурӣ З. Аҳмад, Ю. Сиддиқов ташвиқотчии сиёсӣ К. Самиев дар ин самт фаъолияти босамар бурда истодаанд. Ҳармоҳа дар рӯзномаҳои вилоятии «Сухани халқ», «Ҳақиқати Суғд», «Шӯҳрати Ашт» мақолаҳои хонданибоби ин собиқадорони ҳизб чоп шуда истодааст.

Аёдати собиқадорон беҳтар ба роҳ монда шуда, ба 10 нафар собиқадорони ҷангу меҳнат ёрии моддию пулӣ расонида шуд. Соли 2017 фаъолияти пурсамари ҲХДТ дар ноҳияи Аштро ба назар гирифта, ҲХДТ дар вилояти Суғд парчами Сайёри ғолиби мусобиқаро ба  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт супорид.

Имрӯзҳо кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт бо сарварии раиси ҳизб Зиёӣ Б. оиди омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро сармашқи фаъолияти кории худ дониста, аз рӯи нақшаҳои тартибдода ба Паём ва солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар деҳаю шаҳрак ва ҷамоатҳои ноҳияи Ашт вохӯриҳо ва ҷамъомадҳо гузаронида, ташвиқу тарғиб карда истодаанд.

Ниёзмуҳаммади Иброҳимзода,

Аълочии маориф, матбуот, фарҳанг,

узви иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>