Обод бош, Тоҷикистони азизи ман!

LOGO

Андешаҳо дар ҳошияи Паём

Ҳар сол Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бесаброна интизорӣ кашида, бо мароқ гўш мекунем. Мазмун ва моҳияти Паём, ки фарогири ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар мебошад, ба мо рўҳу илҳоми тоза ва нерӯи тоза мебахшад. Моро рўҳбаланд намуда, вазифадор месозад, ки ҳамчун шаҳрвандони касбу кори гуногун дар амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки аз Паём бармеоянд, саҳмгузор бошем.

Ҳамин тавр ҳам бояд бошад, зеро мо дар Ватани ободу зебо зери дурахши ливои сулҳу ваҳдати комил умр ба сар мебарем. Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар партави Паёмҳои ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Мо дар сиёсати байналхалқӣ низ мавқеи устувор пайдо намудем.

Бо тақозои кору вазифа ва имкониятҳои мавҷуда аз давлатҳои хориҷи кишвар низ дидан менамоем. Ҳарчанд он мамлакатҳо пешрафтаю дорои имкониятҳои бузурганд, ба андешаи ман, беҳтарин Ватан, беҳтарин макон Тоҷикистон аст.

Тоҷикистони сабзу хурраму дорои кӯҳҳои зархез, чашмасорони мусаффо ва дарёҳои пуртуғён, меваҳои ширину инсонҳои бануру хирадманд ва иқлими зебои сайёҳӣ, дар кадом гӯшаи дунё бошед, дилрабоӣ намуда, касро сӯи ин диёри одамони хушбахт мекашад.

Беҳуда Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намегӯянд, ки «Тоҷикистон, барҳақ, биҳишти рўи замин аст». Ин суханро нафаре мегӯяд, ки ҷаҳондида асту пурдида ва санҷидаву мушоҳида намудааст.

Истиқлолият моро ба орзуи деринтизорамон расонд. Мо ба асли хеш баргашта, соҳибдавлат шудем. Худро ба ҷаҳониён чун тоҷики тоҷдор, соҳибмаърифату соҳибтамаддун муаррифӣ намуда, дар арсаи байналхалқӣ соҳибэътибор гаштем. Имрўз ҳар як фарди баоруномус бо ифтихор гуфта метавонад, ки ў тоҷик асту аз Тоҷикистон мебошад.

Аз қадимулайём ҳар халқу миллат барои худ Пешво дошт ё Пешво интихоб мекард. Дар тӯли таърих ҳар он миллате, ки ба Пешвои худ эътиқод карду аз паси ў рафт, соҳибқудрату соҳибманзалат шуд. Шукри офаридгор, тоҷикон низ аз ин  шахсияти бузург бенасиб намонданд. Мо Пешвои миллати худро дорем, ифтихор ҳам мекунем, зеро бо ҷаҳду талошҳои ғамхоронаи ин шахсияти хирадманд ба чунин рўзҳи нек расидем.

Тўли солҳои Истиқлолият маҳз тавассути фаъолияти хирадмандона ва ташаббускориҳои наҷиби Пешвои миллат бо иқдомҳои сулҳофаринӣ, ваҳдат, ҳифзи якпорчагӣ ва арзишҳои миллӣ, созандагиву ободкорӣ аз як давлати аграрӣ ба давлати саноатӣ-аграрӣ табдил ёфта истодаем. Имрўз обу хоки ин Ватан барои мо муқаддас аст.

28 сол дар назди таърих на он қадар фурсати тўлонист. Аммо, дар ин муддат мо тавонистем сохтори мукаммали давлатдориро эҷод намуда, дар асоси Конститутсия беҳтарин қонунҳо қабул намуда, вилоят, шаҳр, ноҳия ва деҳотамонро обод гардонем. Ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонол таъмин карда, сатҳи камбизоатиро паст намуда, аз 80 фоизи солҳои 90-ум ба 29,5 фоиз расонем.

Мардуми водии Зарафшон, аз ҷумла сокинони хуштолеи шаҳри бостонии Панҷакент низ аз меваҳои шаҳдбори Истиқлолият баҳраманд мебошанд. Бунёд ва ба истифода дода шудани нақбҳои Анзоб ва Шаҳристонро даҳсолаҳо орзу мекарданд. Дар солҳои Истиқлолият сохта, ба истифода дода шудани ҶДММ КМ «Зарафшон», шоҳроҳи Айнӣ – Панҷакент то сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба масофаи 113 км, таҷдиди соҳаи кишоварзӣ, бунёди биноҳои баландошёна, хатти баландшиддати Айнӣ – Панҷакент, корхонаҳои хурду миёна, варзишгоҳи марказӣ, Кохи фарҳанг, Қасри фарҳанги ба номи устод Лоиқ Шералӣ, таъсиси Донишкадаи омўзгорӣ, Коллеҷи тиббӣ, таҷлили бошукўҳи ҷашни 1150-солагии бузургдошти маликушшуаро Абӯабдуллоҳ Рўдакӣ, ободкориҳо дар зодгоҳи Рўдакӣ – деҳаи Панҷрўд, кўдакистону муассисаҳои таълимии ҳозиразамон дар шаҳр ва деҳот, марказҳо ва хонаҳои саломатӣ, иштироки Пешвои миллат дар тантанаҳои Наврўзи байналмилалӣ дар Панҷакент натиҷаи сафарҳои бобарору хотирмон, пайкҳои шодмонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри бостонии Панҷакент мебошад.

Соли 2018 барои мо, мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони бурунмарзӣ, соли хеле бобарору пурфайз ва саршори воқеаҳои фараҳбахш, расидан ба ҳадафҳои нақшавии Ҳукумати Ҷумҳурӣ буд.

Ҳар сол саҳифаи таърихро мемонад, ки аз худаш осоре боқӣ мегузорад. Соли 2018 низ чунин буд. Мушкилоти асосии мардуми зиёди ҷаҳон таъмин набудан бо оби тозаи нўшокӣ ва дастнорасии он аст. Аммо, Тоҷикистони азизи мо аз ин неъмати бебаҳо хуб бархурдор аст. Бо заковатмандӣ ва пешниҳоди саривақтии Пешвои милати мо ҳанӯз аз соли 2003 инҷониб ин масъалаи глобалии сатҳи ҷаҳонӣ роҳи ҳалли худро меҷӯяд. Пуштибонӣ ёфтани чорумин иқдоми неки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» ва аз ҷониби 192 давлати ҷаҳон дастгирӣ ёфтани он далели соҳибэҳтиромии Сарвари давлати тоҷикон дар асраи байналмилалӣ мебошад. Насиб, ин барнома ҳам амалӣ гашта, моҳияти иқдоми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини аҳолии ҷаҳон бо оби тозаи ошомиданӣ барои ҷаҳониён зиёдтар аҳамият пайдо мекунад.

Дар замири мардуми тоҷик фақат дӯстӣ мавқеъ дорад. Мустаҳкам гардидани муносибатҳои дўстона бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, кушода шудани 16 марзи байнисарҳадӣ яке аз иқдомҳои дигари неки соли 2018 мебошад. Санаи 1 марти соли 2018- ро мардуми тоҷик ва ӯзбек, ки баъди ду даҳсола  ба орзуяшон расиданд, хеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард. Он рўз хешу табор, наздикон ва пайвандони ба дидори ҳам расида, ашки шодӣ мерехтанд ва ба унвони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев арзи сипос менамуданд.

Ҳоло муносибати мо бо давлати ҳамсоя хеле густурда аст. Бигузор асрҳо чунин бошад. Бо кушодашавии марз бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон рафтуомади сайёҳон ва меҳмонон хеле афзуда, яке аз ҳадафҳои навбатии Ҳукумати Тоҷикистон – баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ ҳалли худро ёфт.

Бо назардошти заминаҳои ба вуҷудомада, пурра рушд намудани соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, такмили инфрасохтори деҳот Пешвои миллат бо иқдоми навбатӣ солҳои 2019–2021-умро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълом намуданд, ки барои пешрафти ин соҳаҳои хеле муҳими давлатамон имконияти хуб муҳайё гардид.

Мушкилии дигар ҳам паси сар шуд: айёми бебарқӣ гузашт. Чанд сол пеш чунин имкониятро  орзу мекардем.  Ду сол боз мардуми мо бо барқи доимӣ таъминанд. Аммо, барои ҳалли ин мушкилоти энергетикӣ Пешвои миллат даҳсолаҳо кӯшиш ба ҳарҷ доданд, монеаҳоро бартараф намуданд. Сохтмони НБО “Роғун” ба корзори ҳақиқӣ табдил ёфт. Мо ба ҷаҳониён исбот намудем, ки созандаем ва инро метавонем. Санаи 16-уми ноябр дар вазъияти тантанавӣ бо иштироки меҳмонони зиёд, ки шоҳиди амалишавии ин  иқдоми бузург буданд, агрегати аввалинро ба истифода дода, ба амалӣ намудани ҳадафи чоруми давлатдориамон – саноатикунониии мамлакат заминаи боэътимод гузоштем. Дар натиҷаи ин боз яке аз ҳадафхои давлатдории мо –таъмини иқтидори энергетикии мамлакат роҳи ҳалли худро ёфт.

Ба ифтихори таҷлили 5500-солагии Саразми бостон, 25-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ ва 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои корҳои зиёд ба нақша гирифта шудааст. Раванди ободкорӣ дар шаҳр ва деҳот бомаром идома дорад. Ситоди омодагиҳо ба ҷашн таҳти сарварии намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ баргузор шуда истодааст. Барои се соли оянда бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти сарварии Раиси шаҳр  Шафеиён Ислом Зиёзода, аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент ва соҳибкорон сохтмони зиёда аз 405 иншооти муҳими хоҷагии халқ бояд сохта, ба истифода дода шавад. То ин муддат якчанд иншооти таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷабой Аҳмадзода ба сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47, бинои нави беморхонаи марказии шаҳр ва осорхона дар Саразм санги асос гузошта шуд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо сарварии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва  соҳибкорони саховатпеша шаҳри бостонии Панҷакент боз ҳам ободу зебо хоҳад шуд.

Ин таъкиди ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аст, ки  мегӯянд: «Таъмини рушди устувор ва зиндагии шоиста мароми мост!».

Бигузор ҳаёти осоишта зиндагонии хурраму шод насиби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.

 

Раиси КИ ҲХДТ дар

 шаҳри Панҷакент,

Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии

 Тоҷикистон                                        Мурод ШУКУРЗОДА

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>