Пешгирии хушунат ва зӯроварӣ дар оила

20190125_142051

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов санаи 25-уми январи соли ҷорӣ дар толори КИН ҲХДТ вохӯрӣ оиди баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии занон, баҳри пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, бемориҳои ВИЧ СПИД, пешгирии хушунат ва зӯроварӣ дар оила баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ муовини Раиси ноҳия Эгамзода Зулола, мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳия Каримова Марҳаматой, мудири бахши САҲШ-и ноҳия Раҷабзода Раъно, мудири шуъбаи кор бо занони КИН ҲХДТ Рустамзода Қумринисо иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимнан, мудири шуъбаи кор бо занони КИН ҲХДТ Рустамзода Қумринисо оиди обрӯву нуфузи ҳизб дар ҷомеа, падидаҳои номатлуб, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти экстремистӣ, бемориҳои ВИЧ СПИД, пешгирии никоҳи бармаҳал ва хешутаборӣ, вайроншавии оилаҳои ҷавон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», тарбия намудани кӯдакону ҷавонон бо ахлоқи ҳамида, эҳсоси баланди ватанпарастиву худогоҳии миллӣ ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд.20190125_142520

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>