Таъсиси ТИ дар ноҳияи Ашт

Дар маркази саломатии Ҷигдаи ҷамоати деҳоти Ифтихор дар ноҳияи Ашт бо мақсади боз ҳам равнақ бахшидани корҳои ҳизбӣ, тарғибу ташвиқи ғояҳои ҲХДТ ташкилоти ибтидоӣ созмон дода шуд. Раиси ташкилоти ибтидоӣ зимни маҷлиси муассисони ҳизб Зубайда Норчаева интихоб гардид.
Баҳриддин Зиёӣ, раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ таъсис шудани боз як ташкилоти ибтидоиро дар ноҳия иқдоми шоиста ва нек унвон кард. Таъкид шуд, ки саломатии миллат омили асосии рушди ҷомеа ва давлат буда, яке аз ҳадафҳои асосии ҲХДТ маҳсуб меёбад. Хизматрасонии босифати кормандони соҳаи тиб метавонад сатҳи солимии ҷомеаро баланд намояд.
Добавить комментарий