Паём – дастури созанда

IMG_5587 (1)

Дар ташкилоти ибтидоии «Шифокор» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо мақсади шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ вохӯрӣ баргузор гардид. Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Одилзода Рустам муҳимтарин нуктаҳои Паёмро шарҳ дод. Таъкид гардид, ки Паём дастури созанда буда, татбиқи босамари он ояндаи дурахшони Тоҷикистонро таъмин мекунад.

Дастовардҳои замони Истиқлолият, аз ҷониби СММ пазируфта шудани ташаббуси чоруми Тоҷикистон оид ба масоили об, ба истифода додани чархаи аввалини Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», барқарор гардидани муносибатҳои ҳамкориву дипломатии Тоҷикистону Ӯзбекистон, пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҷараёну равияҳои ифротӣ дар ин мулоқот баррасӣ шуданд.

Ба кормандони ТИ «Шифокор», ки ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзо шуданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.IMG_5578

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>