Таҷлили Сада дар Деваштич

20190130_094049

Сокинони ноҳияи Деваштич аз ҷашни Сада таҷлил намуданд. Ба ин муносибат дар маркази ноҳия намунаи ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ ба намоиш гузошта шуда, ярмаркаи фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавот, ғалладонагиҳо, ниҳол, асал ва маҳсулоти гӯштӣ ташкил карда шуд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия Зиёзода Сулаймон Ризоӣ сокинонро бо ҷашни миллии Сада табрик намуд. Таъкид шуд, ки ҷашни Сада қадимтарин ҷашни миллии мардуми тоҷик буда, рамзи нуру равшанӣ ва меҳнатдӯстии мардуми тоҷик аст.

Ҳамзамон, Озод Юсуф, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба марудми меҳнаткаши ноҳияи Деваштич қироат намуд.

Барномаи ҷолиби фарҳангӣ ба таҷлили Сада дар ноҳия шукуҳи дигар бахшид.20190130_094212

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>