ЧАНД НУКТА АЗ МАҲФИЛИ РӮ БА РӮИ КАБИРӢ

LOGO

Роҳбари Паймони милли Тоҷикистон ва ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ тариқи гуфтугӯи рӯ ба рӯи худ сабабҳои ба хориҷ фирор карданашро изҳор дошта, ҳамаро ба сўхбати ошкоро даъват намудааст. Дар ҳар изҳороту сўҳбатҳо ин нохалаф Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зери тозиёнаи танқид қарор медиҳад. Мувофиқи талаботи қонунҳои мантиқӣ, пеш аз танқид дурустар таҳлил карданро андешидан зарур аст.

Агар Кабирӣ варианти беҳтарини пешрафти фаврии иқтисодиёти Тоҷикистонро мисли собиқ сарвари Малайзия шодравон Ку Хван Ю пешниҳод мекард, шояд касе ҳақ будани суханҳои ўро тасдиқ мекард. Хайрият, ки дар зери таъсири олими тоҷики муқимӣ Австралия Абдусалом Одиназода ҷиҳодро ба муқобили давлату  мардуми Тоҷикистон ва Ҳукумат ҷоиз намешуморад. Кабирӣ инчунин аз ҷониби Эрон, Покистон, Амрико, Олмон маблағгузории гурўҳҳои оппозитсиониро рад карда даъво дорад, ки маблағгузори  онҳо Ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми он мебошанд. Ба чунин даъво, ки инъикоси дурусти воқеият шуда наметавонад, ҳатто кӯдаки мактабхон ба он бовар намекунад, зеро Ҳукумати Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ рақиби мухолифи худро маблағгузорӣ намекунад.

Ҳар як асъори хориҷӣ ба номи ягон каси дар хориҷ буда фиристода шавад аз назорати сахти кормандони бонкҳои Тоҷикистон мегузарад. Ба қавли Кабирӣ, гўё мардуми Тоҷикистон дар орзуи зиндагии беҳтар будааст,  пас  ба ақидаи вай  сатҳи зиндагии онҳо паст мебошад. Агар ӯ дар чунин ақида бошад пас чаро онҳоро маблағгузори ҷонибдорони фирории худ меҳисобад? Худи Кабирӣ, ки соҳиби се дипломи олӣ мебошад, гӯё шахси босавод аст бояд хулоса барорад, ки ҳеҷ як шаҳрванди тоҷик, ки дар фазои сулҳу ваҳдат, оромона ва хоксорона бо меҳнати ҳамарўза умр ба сар мебаранд, сулҳу ваҳдатро аз ҷангу низоъ афзалтар меҳисобанд. Ба маълумоти Кабирӣ мерасонем, ки  ошўби муссалаҳонаи Абдуҳалим Назарзода ғайриқонунӣ буд, чандин ҷавонони бегуноҳ ҷони худро аз даст доданд. Вай вазъи ороми Тоҷикистонро халалдор намуда, танҳо амал накардааст. Ба ҳама маълум аст, ки аъзоёни ТЭТ ҲНИ ба ў ёрии хешро дареғ надоштаанд. Дар ҳама давру замон вазифаи диндорон пеш аз ҳама нигоҳ доштани сулҳу субот ва ваҳдат буд. Сиёсишавии бошитоби дин дар арсаи байналхалқӣ сабаби паҳншавии экстремизм ва терроризм шудааст. Асри ХХI ҳамчун асри техникаи муттарақӣ ва иттиллоот буда, ба сиёсат даст задани  диндорон боиси фоҷиа шуда истодааст. Ҷанги шаҳрвандӣ на танҳо барои мардуми Тоҷикистон, балки барои хамаи халқу миллатҳои ҷаҳон ҳатар  эҷод менамояду  фоҷиабор аст. Агар Кабирӣ ва фирориёни ҷонибдори ў аз ёд набароварда бошанд, ки Тоҷикистон зодгоҳ ва ватани аҷодии онҳо мебошад., агар онҳо некхоҳи мардуми Тоҷикистон бошанд, бехтар мебуд ба музаффариятҳои дар солҳои истиқлолият дастрасшуда шодишарик шаванд, ақалан битавонанд мавқеи мухолифро нагиранд.

Почоева М. – н.и.ф., дотсенти

кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>