Ифтитоҳи конференсияи ҷумҳуриявӣ дар Кохи “Суғдиён”

2

Дар Кохи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд қисмати ифтитоҳии Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ назариявӣ таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – нерӯи пешбари ҷомеаи муосир” бо иштироки Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода, ҷонишини Раиси ҲХДТ муҳтарама Бобоҷониён Раъно Маҳмудзода, раисони шаҳру навоҳии вилоят ва устодону олимони варзида доир гардид.

Ҷаласаро Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода оғоз бахшида, меҳмонони олиқадрро хайрамақдам гуфт. Ба гуфтаи Матлубахон Амонзода ҳадаф аз баргузор намудани ин конфронси ҷумҳуриявӣ бозгӯи дастовардҳои назарраси ҲХДТ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷмҳурии Тоҷикистон, Роҳбари муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо омӯзишу таҳқиқи амиқи илмӣ, баррасии таърихи ташаккул ва рушди ҳизб, таҳлили илмии паҳлӯҳои мухталифи фаъолият ва  Барномаи дурнамои ҲХДТ мебошад. Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд изҳори боварӣ кард, ки натиҷа ва баррасиҳои конфронс, андешаву  афкор ва ақидаҳои илми муҳаққиқон дар густариши минбаъдаи фаъолияти пурмаҳсули ҲХДТ мусоидат хоҳад кард.5

Сипас, Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар назди ҳозирин баромад намуда, қайд кард, ки дар раванди созандагиву ободкорӣ нақш ва мақоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хоса буда, аъзои ин ҳизби мардумӣ ҳамчун нерўи пешбаранда саҳми арзандеро барои ободӣ ва гулгулшукуфии кишвар мегузоранд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсии кишвар бо барномаи мукаммалу дурбинонаи худ дар пешбурди сиёсати маънавиасоси давлат ва ҳукумати кишвар нақши калидӣ дорад. Ин ташкилоти қудратманд тараннумгари дастовардҳои навини мамлакат буда, дар амалисозии ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат тавъам бо риояи қонунҳо, Оиннома ва Барномаи ҳизб ва дар ин радиф дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати ҳалли мушкиливу муаммоҳо фаъолияти судмандеро ба роҳ мондааст, — гуфт Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва илова кард: “Имрўза конфронс низ натиҷаи ҳамкории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо аҳли илм, маориф ва фарҳанг буда, он давоми ташаббусҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Зеро Сарвари давлат ба воқеаҳои таърихӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа маҳз аз назари илмӣ баҳо дода, дар пешрафти минбаъдаи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар натиҷаҳо ва хулосаҳои назариявӣ ва бунёдиро истифода мебаранд”.1

Баъди баромади пурмӯҳтавои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода таъкид кард, ки иқдому ташаббусҳои ҳизбиёни вилоят аз ҷониби роҳбарияти вилояти Суғд пайваста дастгирӣ ёфта, барои баланд бардоштани нақшу мақоми ҳизб дар маҳалҳо ва пешрафти фаъолияти кумитаҳои иҷроия тадбирҳои судманд амалӣ карда мешаванд. Ин аз ҷонибдории комили роҳбарияти вилоят аз сиёсати пешгирифтаи Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои босамари дастуру супоришҳои муовини аввали Раиси ҲХДТ мӯҳтарам Фаттоҳзода Саидмурод Самад дарак медиҳад, -таъкид шуд дар ҷаласаи ифтитоҳӣ.

Ҷонишини Раиси ҲХДТ муҳтарама Бобоҷониён Раъно Маҳмудзода дар мавзӯи “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва таҳкими ҷомеаи демократии муосир” маърӯзаи пурмӯҳтаво ва аз ҷиҳати илмӣ арзишмандро ироа кард.  Таъкид гардид, ки дар бунёди сулҳу ваҳдат ва таҳкими он Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ саҳми шоиста дорад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вазъияти ҳассоси давлатдории навини мо рӯи саҳнаи сиёсӣ омад ва бо амалигардонии ҳадафҳои созандаи худ тавонист соҳиби нуфузу эътибори боло гардад, — таъкид кард Раъно Маҳмудзода.3

“Рисолати таърихии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушди ҷомеаи маънавибунёд” – таҳти ин унвон Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло, доктори илмҳои таърих, профессор.

Инчунин, Саидмурод Мамадов – мудири кафедраи молия ва қарзи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров дар мавзӯи “Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таъмини рушди иқтисодӣ” маърӯза карда, муҳимтарин ташаббусу иқдомҳои ҲХДТ дар самти иқтисодро зикр кард.

Бобоҷон Қурбонов, сармуҳаррири нашрияи “Сухани халқ” таҳти мавзӯи “Саҳми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар пешрафти ВАО (дар мисоли нашрияҳои “Минбари халқ” ва “Сухани халқ”) маърӯза ироа кард. Таъкид шуд, ки дар тарғибу ташвиқи ҳадафу ғояҳои ҳизб ва ташаккули он матбуоти ҳизбӣ нақши муассир доранд.

Қисмати ифтитоҳии Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони  “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нерӯи пешбари ҷомеаи муосир”, ки ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии таъсисёбии ҲХДТ сурат гирифт, дар сатҳи баланди илмӣ доир гардида, кори конференсия дар бахшҳо идома кард.

 

“Сухани халқ”4IMG_3860IMG_3889IMG_3909

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>