Ҷаласаи ҷамъбастии Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ

IMG_4288

Дар толори КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ҷаласаи ҷамъбастии Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявии “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – нерӯи пешбари ҷомеаи муосир” баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ ба муносибати 25-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ бо ташаббуси КИВ ҲХДТ доир гардид. Ва ҳадаф аз ташкили ин ҳамоиши ҷумҳуриявӣ мавриди таҳқиқ ва омӯзиши амиқ қарор додани таърихи ҳизб, дастовардҳои он дар тӯли фаъолият, нақши Раиси ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нишон додани мақому мартабаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеаи муосир ба ҳисоб мерафт.

Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода ҷаласаро ифтитоҳ карда, хабар дод, ки конференсия бо натиҷаҳои хуб ҷамъбаст гардид. Сатториён Матлубахон Амонзода аз ҷумла гуфт: “Аз натиҷагирии бахшҳои конференсия ва хулосаи маърӯзаҳои илман пурарзиши олимону муҳаққиқон, докторантону аспирантон, магистрантон ва мутахассисони соҳа, ки аҳамияти ин чорабиниро баланд намуданд, барои мо хеле хурсандибахш буд, ки аҳли илму адаб бо ҲХДТ ҳамкории судмандро ба роҳ мондаанд. Умедворем, ки натиҷаи ин ҳамоиши сатҳи баланд ба рушди минбаъдаи кишвар, инчунин, пешрафти фаъолияти ҲХДТ заминаи мусоид фароҳам мекунад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеа мавқеи мустаҳкам дорад. Вазифаи мо ҳамсафон ва ҷонибдорон ҳифзи ин дастовардҳо ва боз ҳам густурдатар намудани фаъолият аст. Бо эътимоди комил гуфта метавонем, ки пешниҳод ва тавсияҳои мубрами илмии Шумо барои боз ҳам тақвият ёфтани фаъолияти ҳизбӣ мусоидат мекунад ва ҲХДТ нерўи созанда ва қудрати бунёдкоронаи худро барои пешрафти ҷомеа, татбиқи ормонҳои демократӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум равона месозад”.

Дар Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – нерӯи пешбари ҷомеаи муосир” олимону муҳаққиқон аз шаҳри Душанбе, вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Хатлон маърӯзаҳо пешниҳод карданд. Аз ҷумла, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Раҳмонзода Зоир ва Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло дар ин ҳамоиш иштирок ва доир ба таърих, рисолат ва ҳадафҳои ҲХДТ маърӯзаҳои пурарзиш намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – нерӯи пешбари ҷомеаи муосир” дар се бахш: таърих ва сиёсат, илм ва фарҳанг, иқтисод ва иҷтимоиёт сурат гирифт.  Роҳбари бахши таърих ва сиёсат Иброҳимҷон Ҷабборов, бахши иқтисод ва иҷтимоиёт Тӯрақул Ризоқулов ва бахши илм ва фарҳанг Саидумрон Саидов сухан намуда, зикр карданд, ки маҷмӯан, дар бахшҳои зикршуда, ки дар толорҳои ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, ДДБҲСТ, ДИС ДДТ доир шуданд, беш аз 120 маърӯзаҳо ироа гардиданд, ки ҳамаи онҳо аз арзиши баланди илмӣ бархӯрдоранд.

Ба аъзои ҳайати тадорукоту комиссия, роҳбарони бахшҳо ва дигар шахсони масъул, ки барои дар сатҳи баланд гузаштани чорабинӣ мусоидат карданд, аз номи кумитаи иҷроияи вилоятӣ изҳори сипос карда шуд.    

Аз ҷониби масъули конференсия Шавкат Шарифов эъломияи конференсия қироат карда шуд ва ба сатҳи он баҳои баланд дода шуд.

Сипас, ба зиёда аз 100 нафар маърӯзачиён аз ҷониби КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд “Сертификат” дода шуд.

Ёздаҳ маърӯзаи беҳтарин муайян карда шуда, муаллифонаш: Муҳаммадизода Меҳриддин, Ҷалилов Анвар, Ӯрунова Мавҷуда, Почозода Муродулло, Раҳимов Ҳаёт, Исматдинов Муҳаммадҷон, Сайфиддинов Эшонбобохон, Тюряев Ҷамшед, Абдуваҳҳобов Абдусабур, Қоситова Ӯғулой ва Умеда Абдурашидова бо Диплом ва тӯҳфаҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд сарфароз карда шуданд.

Инчунин, барои мусоидат дар сатҳи баланд гузаштани конференсия панҷ нафар сарварони мактабҳои олӣ ва котибони бахшҳо бо Сипосномаи КИ ҲХДТ дар вилоят қадр карда шуданд.

Муовини Раиси ҲХДТ мӯҳтарама Бобоҷониён Раъно Маҳмудзода баромад карда, гуфт, ки конференсия имкон фароҳам овард, ки таърихи ташаккулёбии ҲХДТ бори дигар мавриди омӯзиш қарор гирад ва миёни олимон табодули афкор ба вуҷуд ояд. “Имрӯз ҲХДТ дар барномаҳои худ ҳамеша ба олимон, аҳли зиё такя мекунад. 480 ҳазор аъзо дорем, 70 фисади он фақат аҳли зиё ҳастанд. Онҳое ҳастанд, ки дар пешрафти илми тоҷик нақши муассир доранд” – гуфт Раъно Маҳмудзода.

Саидумрон Саидов, Нуралӣ Нуров, Иброҳимҷон Ҷабборов, Тӯрақул Ризоқулов – аз олимони варзида, ки ҳамзамон дар ташкили конференсия хизмати сазовор намуданд, бо Ифтихорномаҳои ҲХДТ ва тӯҳфаҳо қадр карда шуданд.

Тоҷибой Султонӣ, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд аз сатҳи баланди конференсия ёдовар шуда, гуфт, тамоми маърӯзаҳои ироашуда аз арзишҳои баланди илмӣ бархӯрдор ва пешниҳоду таклифҳои баёншуда барои боз ҳам баланд бардоштани обрӯву нуфузи ҳизб ва фаъолияти босамар муфид буданд. Вай аз номи Раиси вилоят ба маърӯзачиён ва ташкилкунандагон изҳори сипос кард.

Ҳамчунин, Тоҷибой Султонӣ Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро ба Ҷӯрабек Исоматдинов, Саидмурод Мамадов, Ваҳҳоб Набиев ва Бобоҷон Қурбонов якҷоя бо тӯҳфаҳо тақдим намуд.

Дар интиҳои ҷаласа Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода гуфт, ки тамоми маводҳои конференсияро кумиҷроияи вилоятӣ дар фаъолияти худ мавриди омӯзишу таҷриба қарор медиҳад ва ҳамкорӣ бо аҳли зиё боз ҳам густурдаву натиҷаҳои дилхоҳ ба бор меорад.

“Сухани халқ”IMG_4323IMG_4320IMG_4336IMG_4442IMG_4440IMG_4456IMG_4428

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>