БО ДУОИ КУРМУШ БОРОН НАМЕБОРАД

LOGO

Ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ баромадҳои фитнакоронаи худро бо ҳар роҳу восита идома дода истодааст, аммо мо, ҷавонон сарамонро доғ намондааст, ки ба ҳарфҳои дурӯғини душманони миллату давлат бовар намоем. Ҳодисаҳои пурдаҳшат, хунрезӣ, бародаркушӣ ва хонасӯзии оғози солҳои 90-уми қарни гузашта ҳеҷ аз хотирамон дур намеравад.

Мо дар симои нуронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фардои дурахшони соҳибистиқлолии кишварро бо чашми сар дида истодаем. Якдилона, мо, ҷавонон қавл додем, ки пайрави Пешвои миллат ҳастем. Сулҳу ваҳдат, тинҷиву осоиштагӣ ва соҳибистиқлолии кишвар бо шарофати хизматҳои родмарди сарсупурдаи халқу давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад. Шукр бояд кард. Шукри сулҳу амонӣ, шукри истиқлолият, шукри ватани ободу озод, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати сулҳофар мешиносанд ва эътироф мекунанд.

Мо, мардуми хушбахти тоҷик дар фазои тинҷиву оромӣ аз неъматҳои шаҳдбори кишвари соҳибистиқлол бархурдорем. Дур намеравем. Ноҳияи Айниро мисол меорем. То замони соҳибистиқлолӣ дар фаслҳои зимистону баҳор роҳҳои ағбаҳои Анзобу Шаҳристон баста буданд. Аҳолии ноҳия аз ҷиҳати иҷтимоӣ ва иқтисодӣ сахт азоб доштанд. Шукри соҳибистиқлолии кишвар ва бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳ ағбаҳои Истиқлолу Шаҳристон сохта, ба истифода дода шуданду азобу машаққати мардуми ноҳия ба гӯшаи фаромӯшӣ рафт. Ҳоло ноҳияи Айнӣ бо ба фаъолият оғоз кардани заводу фабрикаҳо ба ноҳияи саноатӣ-аграрӣ табдил дода шуда, дар миқёси Ҷумҳурӣ яке аз ноҳияҳои пешқадам мебошад. Доири ободкориҳои маркази ноҳия ва деҳоти дурдасти он ҳоҷати гап нест. Фарқияти шаҳру деҳот дар солҳои наздик нахоҳад монд.

Аммо тарафдорони ТТЭ  ҲНИ ва шахсан Муҳиддин Кабирӣ мехоҳад, ки бо суханҳои пучу ҷоҳилона ва ваъдаҳои холиву подарҳаво киссаи моро аз чормағзи пуч пур кунад. Мо намехоҳем бо макру фиребҳои Кабирӣ афтем. Бо чашми сар дидем, ки онҳо ҷиноятҳои зиёд, ба монанди одамкушӣ, авбошӣ, нашъаҷаллобӣ, амалҳои террористӣ ва ғайра содир намуда, беҳтарин олимон, шоирон, нависандагон, рӯзноманигорон ва шахсони барӯмандро терор карданд. Ҳама амалҳои наҳзатиён хиёнат ба давлат, хиёнат ба миллат ва хиёнат ба Ватан буд.

Роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ, ки имрӯз худро дар паймоне раис таъин кардааст, такя ба сармоягузорони хоҷагони берунии хеш ва дини мубини Ислом намуда, хоҳони “боди шурта” дар ватани мо – Тоҷикистон аст. Вале мардуми бофарҳанги мо дар фазои сулҳу суботу оромӣ умр ба сар бурда, некро аз бад ва сафедро аз сиёҳ хуб фарқ мекунанд. Хуб медонанд, ки онҳо ба ҷуз таассубу хурофотзадагӣ, куштор ва бадномӣ ягон кори хуберо барои ин миллат накардаанд ва нахоҳанд кард.

Мо,  ҷавонон пайрави Пешвои миллат буда, зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи ҳар гуна ваъдаву таълимоти бегона нашуда, ба қадри сулҳу ваҳдат ва осоиштагии кишвар мерасем. Зеро фардои дурахшони кишвари маҳбуби мо – Тоҷикистон дар дасти мо, насли ҷавон аст. Дар урфият хуб фармудаанд, ки бо дуои кӯрмуш борон нахоҳад борид…

Аҷоиб кавдану беор ҳастӣ,

Басо васвосию ҷаррор ҳастӣ.

Зи баҳри хоҷагон лаббай бигӯӣ,

Ҳамеша баҳрашон даркор ҳастӣ.

Хиёнат бар Ватан кардӣ, Худо зад,

Дар оғӯши чаман чун мор ҳастӣ.

Суханҳоят ҳама макру фиреб аст,

Ба гулзори адаб чун хор ҳастӣ.

Ба минбарҳо сухан гуфтӣ дурӯғин,

Агарчӣ дар амал маккор ҳастӣ.

Ҳама хурду калон нафрин бигӯянд,

Ба сони Аҳриман беёр ҳастӣ.

Кунун аз гулхани худ бисӯзӣ,

Кафи хокистаре аз нор ҳастӣ.

 

Сулҳиддин ТИЛАБОВ

Сафар РАСУЛОВ

 Шараф БОҚӢ

Солеҳ ҚОБИЛОВ

аъзои фаъоли ҲХДТ                                 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>