Қадами носипосон кӯтоҳ аст

LOGO

Мо ҷавонони даврони истиқлол чунин мешуморем, ки дар замони мо ҳизбу ҳаракатҳо ва созмону паймонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро ба ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Баъзе аз чунин гурӯҳҳо ва ашхоси кӯрбину нотавонбинони давлату миллати тоҷик, ки дар кишварҳои хориҷӣ барои худ паноҳгоҳ ёфтанд, аз дастовардҳои азим ва беназири даврони Истиқлолият ба ваҳму ҳарос ва таҳлука афтода, имрӯзҳо ба ҳар васила пайваста дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷониби давлату миллати хеш санги маломат мепартоянд.

Яке аз чунинҳо ТЭТ ҳизби наҳзати ислом (фаъолияташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ) ва «Паймони миллии Тоҷикистон» бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ мебошанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ин бадхоҳон аллакай лухтаки дасти бегонагон гаштаанд ва режиссёру дирижёри саҳнаҳои онҳо хоҷагони хориҷиашон ҳастанд. Мақсади ягонаашон бошад ноором кардани фазои сиёсии кишвари азизамон ва обрӯву эътибори Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ паст задан аст.

Томошои баромадҳои ғаразноки онҳо дар саҳифаҳои шабакаи иҷтимоии «Facebook» ва «You Tube» мо ҷавонони бедордилро бетараф нагузошта, водор ба он месозад, ки андешаҳои худро нисбати чунин баромадҳои бемағзу бепояи ашхоси кӯрдилу дайдуе, ки ба бемории девонагӣ гирифторанду ҳангоми дарафтодан ба роҳгумзадагони навбатӣ мехоҳанд онҳоро низ ба маризӣ гирифтор намоянд, иброз намоем.

Санаи 30-юми январи соли 2019 бо баромади худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ Муҳиддин Кабирии бенангу номус мехоҳад дар байни мардум шӯру вал-вала андозад. Аммо имрӯзҳо ҷавонони Тоҷикистон, аз ҷумла, ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов низ аз фитнаҳои Кабириву пайравони ӯ хуб огаҳӣ доранду онҳоро якдилона маҳкум мекунанд. Мақоле ҳаст дар байни мардум: «Саг ҷакидан мегирад инсон ба роҳаш рафтан мегирад».

Мо ҷавонони қавииродаи Тоҷикистони азизу маҳбуб ҳастем. Дар роҳи ватандӯстонаи худ собитқадамона рафтан мегирем ва аввосҳои Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ барои мо монеаро эҷод нахоҳад кард. Зеро мо ҷавонони кишвар, аз ҷумла ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ шуда, баҳри таҳкими пояҳои давлатдорӣ, сулҳу ваҳдат ва ободию шукуфоии ин сарзамини биҳиштосо, ки номаш Тоҷикистон аст, ҳамеша саъю талош хоҳем кард.

Бо иродаи қавӣ ва ба таври қотеъона изҳор медорем, ки ба муқобили ҳамагуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, аз ҷумла ҲНИ ва ПМТ муборизаи беамон мебарем.

 

Аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и

ноҳияи Ҷаббор Расулов

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>