ОҚИБАТ НООДАМӢ КӮРАТ КУНАД

LOGO

Сабақи таърихии солҳои 90-уми асри сипаришуда то ҳол асари хешро дар хотираи мардум боқӣ гузошта, аз ҷиҳати равонӣ ба руҳияи ҷомеа таъсири амиқ гузоштааст. 

Тоҷикистони соҳибистиқлол қадамҳои хешро дар арсаи байналхалқӣ устуворона гузошта, кўшиш ба харҷ медиҳад, ки баҳри ободонӣ ва суботи ҷумҳурӣ ҳар чӣ бештар камари ҳиммат бандад. Халқи тоҷик дар атрофи Пешвои миллат сарҷамъ гардида, дар осмони софу беғубори кишвар бо меҳнати софдилона арзи ҳастӣ менамояд, ки аз ваҳдату якдилии тоҷику тоҷикистониён дарак медиҳад.

Дар баробари он ки ҷавонон як қишри асосии ҷомеа арзёбӣ гардидаанд боз эшон ҳамеша дар мадди назари давлату ҳукумати мамлакат қарор доранд, бар замми ин боз давлат ва хукумат вазифадор аст, ки барои фардои Тоҷикистон насли солим тарбия намояд ва заминаҳои фардоро имрӯз муҳайё созад. Барои фароҳам овардани чунин шароити созгор мебояд содиқона барои халқу миллати хеш хизмат намоем ва номи ин миллати тоҷдорро дар арсаҳои байналмилалӣ боз ҳам шинохта гардонем.

Имрӯз давлат пуштибони ҳамон ҳақиқату асолате аст, ки онро ислом собит месозад, на ин ки ба маънои “диндорони наҳзатӣ” амал мекунад. Ба эътиқодоти мардум, ки онҳо кай намоз мехонанду кай ибодат менамоянд касе ба ин сару кор надорад, шароити мусоиди озодии мутлақро барои тоату ибодат муҳайё кардааст.

Фаромӯш кардан он қадар кори осон нест, ки дар гузаштаи начандон дури мо чи қадар ҷавонону наврасони мо, ки гирифтори доми гурӯҳҳои ифротгоро гашта буданд, онҳоро аз кишварҳои хориҷа баргардонида, аз чанголи ифроту терроризм халос наҷот дода буданд. Ин миннати кори карда нест, танҳо дар омади сухан гуфта гузаштан хеле рамзист, агар давлат аз ояндаи наврасону ҷавонон пуштибонӣ накунад ва онҳоро амнияти онҳоро таъмин насозад пас ин вазифаи кист.

Давлату Ҳукумати Тоҷикистон, падару модарон ва мураббиёну муаллимон  масъули тарбияи фарзанднамон ҳастем, дар ин синну солашон онҳоро ба роҳи рост бурдан осонтар аст ва ҷаҳонбиниву дониш ва бовару назарҳояшон ҳанӯз комил нашудааст, худамон таълимоти илмҳои муосирро дар зеҳаншон ҷо намоем. Ба мақсади неки худ мерасем, онҳоро ба руҳияи меҳанпарастӣ ҳидоят намоем.

Бо вуҷуди он, ки дар мамлакати мо сулҳу субот ва ороми ҳукмфармост, ҳолатҳоеро вохўрда истодаем, ки барои вайрон намудани фазои истиқлолият қавваҳои бегона истифода шуда истодаанд. Ҳар кадоме аз он нафарони бадкирдор, ки қасди талаф додани сулҳу моро мекунад, бояд донад, ки ин мустақили ба осони ба даст наомаддаст, ки чунин ба осонӣ аз даст равад. Барои он, ки ба мо имрӯзи дурахшон фароҳам ояд, ҷони ҳазорон абармардони далеру ҷасур нисор гардидааст. Аз ин хотир, аз ҳамаи ҷавонони саодатманди диёр даъват ба амал меорам, ки барои пос доштани номи ниёгон номи ононе, ки имрӯз ва фардои моро бо диловариву шуҷоати хеш равшан намуданд, талош варзанд то вориси арзандаи эшон бигарданд ва барои шукуфоии милатамон ташаббусҳои созандаро ба нафъи миллату давлат амалӣ гардонида, саҳме гирифта бошанд, ки ҳамеша Тоҷикистон чун давлати соҳибтамаддун ва соҳибфарҳанг шинохта гардад.

Музаффар Бобоев ,

 устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>