ЧАНД АНДЕША АЗ БЕАНДЕШАГИҲОИ КАБИРӢ

LOGO

Чанде пештар раиси гурезаи ҳизби ифротии наҳзат ва ҳамакнун роҳбари Паймони ба ном миллӣ Муҳиддин Кабирӣ тариқи онлайн дар шабакаи иҷтимоии Интернет гуфтугӯе доир намуд. Мақсад аз гуфтугӯи Кабирӣ ин бори дигар аз худ дарак додану байни ҷомеа ақидаҳои ифротии худро паҳн намудан буд. Лек мисли пешин хоини Ватан ба мақсади худ нарасид. Зеро маҳфили рӯ ба рӯи Кабириро халқи тоҷик умуман тамошо накард ва ба ӯ саволе ҳам пешниҳод накард. Аз ин рӯ, роҳбарияти ҳизби ифротии наҳзат тасмим гирифт аз набудани маводи иттилоотии худ, равандни сӯҳбати Кабириро қисм – қисм карда, дар шабакаҳои иҷтимоии худ, ба мисли сомонаи “Паём.нет” ҷойгир кунад. Биноан банда тасмим намудам, ки чанд андешаҳои худро аз бенадешагии Кабирӣ баён намоям.

Аввалан, роҳбари ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ дар посухи худ ҳангоми маҳфили “рӯ ба рӯ” ба корбари шабакаи иҷтимоӣ Шарифҷон Шарифҷонов гуфтааст, ки гўё ҳизби наҳзат дар даврони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон мавқеъашонро гуфтаанду ва боз мавқеъашон ҳамон аст. Агар мавкеи онҳо дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ маълум шуда бошад, пас чунин меҳисобам, ки бо чунин мавқеъ Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида, хуни садҳо ҳазор нафар бегуноҳонро  рехта буданд;

Дуюм мавқеи дисасабозони солҳои 90-ум ба андешаи банда дигаргун нашудааст ва боз ба сари мардуми бегуноҳи тоҷик кадом мусибатро оварданӣ ҳастанд. Кадом инқилобро дар назар доранд. Мардуми бонангу номуси тоҷик ба ҳеҷ як инқилоб зарурат надоранд. Онҳо танҳо осмони софу беғубор ва сулҳи пойдору абадии тоҷиконро мехоҳанд;

Сеюм Шумо инқилоб накунед мухолифин, агар заррае дар худ хуни тоҷикона дошта бошед, ин хаёлҳои хомро аз худ дур намуда, барои боз ҳам гуг-гулшукуфонии Тоҷикистони маҳбуб дар қатори миллионҳо мардуми меҳнатқарини тоҷик заҳмат кашед;

Чорум наҳзатиён бояд дар хотир дошта бошед, ки шумо пеши роҳи инқилобро нагирифта будед, балки саркардагони асосии он рўзҳои мудҳиши ба сари мардуми тоҷик омада будед ва ҳастед.

Панҷум, он инқилобе, ки Шумо он вақт барпо карда будед қариб, ки Тоҷикистонро ба вартаи ҳалокат бурд. Хушбахтона, Роҳбари ҷоннисору хирадмандро худованд ба сари тоҷикони азияткашида дод,  ки фарзанди фарзонаи миллат Тоҷикистони азизро аз нобудшавӣ ва мардуми тоҷикро аз парокандагӣ наҷот дод.

Дар интиҳо гуфтаниам, ки мардуми мо ба ҳеҷ гуна инқилоб ниёз надорад ва ҳама чун як тану як ҷон шуда, дар атрофи Пешвои муаззами миллат сарҷамъ, бо меҳнати ҳалоли худ ватани азизамонро аз ин ҳам бештар ободу зебо менамоем.

Мирзоев А.Н. – сармуаллими кафедраи

                                                                                                                                                                                                                      хадамоти гумруки ДДҲБСТ  

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>