Ҷавонон бояд фирефтаи гурӯҳҳои хиёнатпеша нагарданд

LOGO

Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки вақтҳои охир дар ҷомеа ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва тафриқаангез ҳарчӣ бештар кӯшиш мекунанд, ки амалҳои номатлуб ва хиёнаткоронаи худро содир намуда, ба чунин аъмоли зишт ҷавонон ва шахсони ноогоҳро ҷалб намоянд. Аз табори чунин равияҳои ифротӣ ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом ба шумор меравад. Ҳамагон огаҳӣ дорем, ки ин ташкилоти ифротӣ мақсад ва ҳадафи ягона надошта, роҳбарони он таҳти роҳнамоии хоҷагонашон кору зиндагӣ мекунанд. Мо, кулли сокинони кишвар аз оқибатҳои фоҷиабори ҷанги шаҳрвандӣ хуб огаҳӣ дорем. Ҳеҷ гоҳ аз хотири мардум он рӯзгори сахту сангине, ки аз дасти наҳзатиҳо болои миллати азиз омад, фаромӯш намешавад. Мусибате, ки наҳзати исломӣ ба сари мардум овард, нобахшиданист. Ятиммонии кӯдакон, бесаробон мондани модарон, гуреза шудани пиру ҷавон аз Тоҷикистон намунаи «қаҳрамониҳо»-и наҳзатиён аст.

Пӯшида нест, ки ин тоифа гумроҳон барои амалӣ намудани нақшаву ниятҳои тахрибкоронаи хеш ниқоби дини мубини исломро ба бар намуда, мардумро рӯйрост ба гумроҳиву хиёнат ба давлату миллат ҳидоят мекарданд. Бо баробари он ки фаъолияти ҳизби наҳзати ислом бинобар даст доштани роҳбарияташ ба ташкили ошӯби мусаллаҳонаи ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, имрӯзҳо роҳбари ин ташкилоти ифротӣ Муҳиддин Кабирӣ бо ҳар шеваи нав мехоҳад худро ба хоҷагонашон сафед ва пок нишон дода, ба бовариашон сазовор ва маблағи муфташонро ба даст оварад. Кабирӣ, ки акнун ниқоби демократро ба бар кардааст, бо таъсис додани “ Паймони миллӣ” ва ба гуфти худаш бо шеваи нав имрӯзҳо гӯё мубориза бар зидди сохти конститутсионии ҷумҳуриро ихтиёр кардааст. Тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет гӯиё ба мусоҳибаи ошкоро баромадани ӯ шаҳодат аз он медиҳад, ки дар ҳақиқат майдон ва доираи фаъолияти хоинони миллат танг гардида, ба ҷуз мусоҳибаи видеоӣ дигар роҳи хизмат ба хоҷагонашонро надоранд. Алим Шерзамонов, ки худро ёвари Кабирӣ меҳисобад, дониста бошад, ки ба Кабирӣ хизмат кардан, яъне хиёнаткорро пайравӣ кардан, хиёнат ба миллату Ватан аст.

Ҷавонони саодатманди мо бо такя ба дастгирии давлату Ҳукумат ва ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ҳар гуна андеша ва ақидаҳои ифрогароёнаи хоинони миллат, мисли Кабирӣ ва пайравони ӯ дода нашуда, баҳри ободониву созандагӣ дар кишвари маҳбубамон ҷаҳду талош намоянд ва Ватанро чун гавҳараки чашм ҳифзу гиромӣ доранд. Зеро, ба фармудаи Паёмбари акрам Муҳаммад (с), дӯст доштани Ватан аз гӯшаи имондорист.

Қозиев МАҲМАДЮСУФ,

имомхатиби масҷиди

ҷомеи ба номи Имоми Аъзами шаҳри Бӯстон

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>