Ҷавонон ифротгароиро маҳкум месозанд

1

Дар Ҷамоати шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод бо хонандагони муассисаҳои таълимии №2,10,14,21 ва литсейи №2 мулоқот доир шуд. Ин чорабинӣ, ки бо ташабусси КИ ҲХДТ ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия гузашт, ҳадафаш пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ маҳсуб мешуд.

Ба муҳассилин доир ба паёмадҳои нохуши терроризм ва экстремизм маълумот дода шуд. Ба таъкиди баромадкунандагон терроризм ва экстремизм аз зуҳуроти номатлуби замони муосир маҳсуб шуда, паёмадҳои нохуши онро ҳамарӯза дучор мешавем. Мутаассифона, дастандаркорон зери ниқоби ислом амалҳои террористӣ анҷом медиҳанд ва иддае бинобар паст будани маърифати ҳуқуқиву динӣ пойбанди чунин ақидаҳои носолим мегарданд.

Хонандагони муассисаҳои зикршуда гуфтанд, ки бар зидди ин зуҳурот муттаҳидона мубориза мебаранд ва дар осоиштагии диёр ҳиссагузор мегарданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>