Мулоқот дар бонки Эсхата

20190206_164534

Бо кормандони филиали бонки Эсхата дар ноҳияи Спитамен мулоқот гузаронида шуд.

Дар оғози мулоқот директори филиали мазкур  Каримҷон Каримбоев ҳадафи ҷамъомадро шарҳ дода, афзуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҳизбҳои пешбару пешоҳанги сиёсӣ маҳсуб гардида, барномаву ҳадафҳои он барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи халқ нигаронида шудааст.

Сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва иттилоот Умедахон Муҳитдинова ва мутахассиси омори кумитаи иҷроия Азизабону Шукурова оид ба фаъолияти кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва вазифаҳои асосии ҳизб ва аъзои он сухан карданд.

Бо ҷонибдорӣ аз ҳадафҳои созандаи ҳизб дар рушду пешрафти диёр, махсусан, татбиқи ҳадафҳои иқтисодӣ ҳиссагузор мешавем, — таъкид карданд кормандони бонк.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>