Таълими фарзанд: бетарафӣ нашояд

2

Дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 11 шаҳри Хуҷанд вохӯрии намояндагони кумитаи иҷроияи  шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо волидони хонандагон ва аъзои ҲХДТ доир шуд.

Дар ин вохӯрӣ намояндаи кумитаи иҷроия оиди риояи Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва пешгирии дигар қонуншиканиҳо ҳарф зад.

Равоншиноси муассисаи таълимӣ қайд кард, ки дар баробари омӯзгорон падару модар низ дар раванди таълиму тарбия нақши муҳим доранд.

Ҷиҳати дар оилаҳо ба вуҷуд овардани ҳисси якдигарфаҳмӣ, меҳрубонӣ, иззату эҳтироми якдигар ва роҳ надодан ба бетарафӣ нисбати таълиму тарбияи фарзандон изҳори андеша карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>