Ободкорӣ бо ҳидояти ҳамсафон

1

Бо ҷалби ҷавонон дар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд шанбегӣ гузаронида шуд. Аз ҷумла, дар маҳаллаи ба номи Ҷаббор Расулов ин амали ободкорӣ бо иштироки васеи мардум, махсусан, ҷавонон, ҷомеаи омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 ба роҳ монда шуд. Иштирокчиёни ҳашар ҳудуди маҳалларо аз партовҳо тоза карда, баҳри ободии маҳалла саҳми худро гузоштанд.

Инчунин, дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд шанбегӣ гузаронида шуд. Дар он кормандони муассисаҳо ва бошандагони маҳалла гирду атрофро аз ҳар гуна алафу партовҳои бегона тоза намуданд.

Тадбири мазкур мувофиқи накшаи чорабини кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баҳри таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон сурат гирифт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>