ТИРИ ДАЙДУ БА НИШОН НАМЕРАСАД

1

Мардуми сарбаланди тоҷик тақдири сарнавишти худро аниқу мушаххас дарк намуда, ба сохтмони давлатӣ ҳуқуқбунёд тамоми ҳастиашро равона карда истодааст. Ҳукумати мамлакат барои расидан ба сулҳу созиш кӯшишҳои зиёдро дар ҷараёни гуфтушунид бо мухолифин амалӣ намуда, ҳатто барои аз вартаи ҳалокат раҳоӣ ёфтани кишвар ва барои ояндаи ободи он бештари талабҳои ҷониби мухолифро қабул намуда, кирдорхои ношоистаи онҳоро бахшид.

Инак, он кирдорҳои нохалафи мухолифон имрӯз амсоли Илҳом Ёқубов авҷ гирифтанист. Гарчанде, ки миллат алайҳи ӯву ҳамсмаслаконаш мубориза барад ҳам, онҳо чун манқуртон ба хоҷагони худ вафодоранд, мисли сагон шабу рӯз дар хидмати онҳоянд. Илҳом Ёқубов то кунун дарк накардааст, ки паси ин “Худогуфтан” –ҳо ва “ғами миллат” хӯрданҳои Муҳиддин Кабирӣ чи асроре ниҳон аст. Ва Кабириву шиамазҳабонаш чиро хостгоранд? Мо медонем, ки ҳодисаҳои нанговар дар Тоҷикистон бо дасти кӣ шурӯъ шуду кадом дасти рашку ҳасуд бар иқболи пурсаодати миллати мо таҳдид ба миён овард? Кадомин нафарони бадхӯ, бадтинат ва фарзандони нохалаф, боис гардид, ки хуни ноҳақ бирезад? Оромию суботи Тоҷикистони соҳибистиқлоли моро, ки чун дарахти гул-гул шукуфон нумӯъ меёбад, кӯшиши ба решаи он теша заданро мекунад? Дидаи тифлони маъсумро гирён ва ҷигари волидайну аҳли оилаи ҳомиёни содиқи Ватанро сӯхта, хонадони пурсурурро мотамсаро мегардонад? Ин ҲНИ ва ҷомаи нави он созмони “Паймони миллӣ” аст, ки мехоҳад рӯзи наҳсро бар сари миллати мо таҳмил кунад.

Ҳодисоте, ки вақтҳои охир дар кишвар рӯй медиҳад, дили ҳамагонро ба дард оварда истодааст. Ташкили ошӯби зиндон ва бар асари ин ҷон бохтани бегуноҳон, куштори сайёҳони бегуноҳи хориҷӣ ва дигар амалҳои номатлуби наҳзатиёни хиёнаткор, хосса думравони Муҳиддин Кабирӣ аст. Дар ин ҳамҳамаю овозаҳо саҳми Илҳом низ ногузир аст. Ӯ сари авлоду аҷдоди худро назди хоссу ом паст кард.

Ҳамагон, аз ҷумла онҳое, ки бо Илҳом ҳамкорӣ доштанд, ба рафтору кирдори ношоиста, хиёнаткоронаи ӯ нафрин мехонанд. Ва бегумон мегӯянд, ки  лаънаткардагони халқ бояд ҷазои худро бубинанд.

Ин хоини ношукрбанда ончунон ғарраи нафси чоҳмонанди хеш гардидааст, ки дигар афроди сабукандешаро низ ба атрофи хеш гирд оварда, мехоҳад  ба сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон рахна зананд ва барои ин аз нерўи мушовирону ҳаммаслакони хориҷиаш низ баҳра мебарад, вале, чунон ки мегўянд, «тири дайду ба нишон нарасид».

Шири модари тоҷик заҳри чунин фарзандони курнамаку носипосе бод, ки дар ҳаққи Ватану миллат ва Модари хеш чунин хиёнат намуда, тавқи лаънатро сазовор гардида, мардуми шарифи тоҷикро дар хиҷолат гузоштанд.

Боиси таассуф аст, ки онҳое даст ба ҷинояти хоинона заданд, ки бояд арзишҳои миллӣ, Истиқлолият ва ваҳдату амнияти пойдор, тақдири имрӯзу фардои марзу буми Ватан ва ояндаи онро бояд ҳифз менамуданд.

Дини ислом дини меҳру муҳаббат, раҳмату шафқат аст! Аммо мутаассифона, ҳамагон шоҳиди он гаштаем, ки ҷавонони мусулмон, фарзандони миллати барӯманди тоҷик имрўз дар кишвари Сурия ва дигар минтақаҳои ҷаҳон бо баҳонаи «ҷиҳод» ба даст силоҳ гирифта, мардуми бегуноҳро ба қатл мерасонанд.  Модарҳои зору гирён, ҳамсару фарзандони овораву парешон бошад, дар ватан ду чашм дар роҳи падару фарзанд. Бояд мо аз фарзандони худ бохабар бошем, мабодо, ки ба доми фиребгарон наафтанд. Бархе аз ҷавонони мо низ фирефтаи доми ин нобакорҳо гардадаанд. Чӣ шуд, ки мо аз фарзандони худ бехабар мондем, то бадхоҳон онҳоро ба вартаи ҳалокат афканданд? Бале ин фалокат ва ҳалокат аст! Мо бояд ваҳдати миллӣ, яккамазҳабиро нигоҳ дорем, ба қадри тинҷиву оромӣ бирасем. Ин номбурдагон ба дороиву манзалат, шукӯҳу шома ва мақоми баландпоя дар сохторҳои бонуфузи қудратӣ, даст ба ҷинояти мудҳиш заданд. Ба ҳамагон маълум гашт, ки ин афродон аъзоёни ҲНИ ҳастанд, ки раиси ин ҳизб  Муҳиддин Кабирӣ мебошад. Мувофиқи маълумотҳо вақте, ки ҷиноятҳои Муҳиддин Кабирӣ имрӯз ошкор шуд номбурда аз ватан фирор намуд. Имрӯз аз хориҷа истода мехоҳанд мамлакати тинҷу ороми моро нороом созанд. Ба тамоми мардум мақсади ин ҳизб маълум шуд, ки инҳо чӣ нақшаҳо доранд. Бинобар ин Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳорот пахш намуд, ки фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ қатъ карда шавад. Ислом дини мукаммал аст ва дар он ягон нуқсону камбудие вуҷуд надорад. Агар ислом ба гурӯҳ-бандию ҳизб эҳтиёҷ медошт Расули акрам (с) аввалин шуда ҳизбро таъсис медоданд.

Мо бояд зиракиро аз даст надода аз оқибати ҳалокатбори тафриқаандозию фирқагароӣ амиқ бияндешем. Худованди мутаъол мусалмононро аз бархўрду рафтори хушунатомез бо дигарон ва аз тафриқаандозӣ, вайронкорӣ, зулму ситаму қудратнамоӣ ва ба гурӯҳҳо ҷудо намудани мардум, манъ намудааст.

Раҳимов А.А.,

устоди кафедраи математикаи олӣ

 ва информатикаи ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>