ГУМРОҲИИ МАНҚУРТОН

4

Боиси таассуф аст, ки вақтҳои охир аксар ҷавонон аз надоштани иттилооти дақиқ, паст будани савияи дониши сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ба гурўҳҳои ифротгаро, ки бо ном «исломӣ» мебошанд ва бо ин кирдорукорҳояшон нуфуз ва қадри исломро дар олам паст мезананд, шомил мешаванд. Оё онҳо намедонанд, ки оқибати ин бозиҳои сиёсӣ бо ниқоби ислом давлатҳои пешрафтаи дунёи исломро ба чӣ ҳол оварда расонд. Ҳоло  дар Ироқ, Сурия, Либия, Яман ҳокимияти давлатии комил вуҷуд надорад. Қариб ба ҳамаи ин давлатҳо хавфи аз харитаи ҷаҳон нест шудан таҳдид мекунад.

Баста шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон саривақтӣ мебошад, зеро ислом ба ҳеҷ ҳизб ниёз надорад. Аслан байни дин ва сиёсат як фарқияти калон вуҷуд дорад-асли дин эътиқод аст, сиёсат бошад масъалаҳои идоракунии ҷомеаро ҳал мекунад. Дар шароити имрўза, ки дар натиҷаи ба сиёсат омехта кардани дин дар гўшаҳои гуногуни олами ислом ин қадар низоъ ва амалҳои номатлуб рўй дода истодаанд, чунин мешуморем, ки баста шудани фаъолияти ҳизб айни ҳамон чизест, ки имрўз ҷомеаи тоҷик ба он ниёз дорад ва амалӣ шудани онро тақозо дорад.

Мавқеи Ҳизби наҳзати исломӣ аз таҳаммулгароӣ ба ифротгароӣ тағйир наёфтааст, балки ифротгароӣ асли сиришти Ҳизби наҳзати исломӣ мебошад, зеро ифротгароии худро ин ҳизб аллакай дар ҳодисаҳои солҳои гузашта нишон дода буд. Ман фикр мекунам, ки таҳаммулгароии ин ҳизб ё ин ки мавқеи сабрро пеша намудани ин ҳизб ва роҳбарияти он муваққатӣ буд, чунки шароит имкон намедод, ки онҳо чеҳраи аслии худро нишон диҳанд. Онҳо мунтазири фурсати муносиб буданд. Таҳаммулгароии онҳо муваққатӣ ва барои пинҳон кардани ҳадафҳои аслӣ буд, мунтазир буданд, ки хуҷаинҳои  хориҷиашон ба онҳо ишорае кунанд ва ё дар муҳити дохилии ҷомеаи мо барои онҳо фурсати муносиб пайдо шавад ва онҳо аз худ дарак диҳанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 миллион аҳолӣ дошта, дорои 1340 киллометр сарҳад бо кишвари Афғонистон мебошад. 95 дарсадди мардум мусалмон буда, аз мазҳаби Абу Ҳанифа пайравӣ мекунанд.

ТЭТ ҲНИТ бо амалҳои нопоки худ мехост ақидаи тундгароиро дар минтақаи Осиё паҳн намояд. Аммо ба зудӣ ниқоб аз рўйи онҳо афтода, аҳдофи аслии онҳо ба ҳамагон маълум гашт.

ТЭТ ҲНИТ — фаъолияти худро дар ҷанги шаҳрвандӣ, ки солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон рух дод,  ҳамчун «Ҷиҳод дар роҳи Худо» рўйпўш мекард, вале худи он дар асл сабабгори аслии ин ҷанги шаҳрвандӣ мебошад.

Дар ҷанги дохилии Тоҷикистон, ки ТЭТ ҲНИТ онро ташкил кард, аз тарафи ин ташкилот кушта шудани 150 ҳазор нафар аҳолии кишвар худаш бас аст, ки сатҳи ҷинояти ТЭТ ҲНИТ дар назди халқи тоҷик баҳо дода шавад. Агар миқдори аҳолииТоҷикистонро дар соли 1993 дар назар гирем, ин шумора беш аз 3% тамоми аҳолии Тоҷикистонро ташкил медод!

Аммо бузургии Пешвои миллати мо мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он буд, ки ба хотири сулҳу ваҳдат, ба хотири тинҷию оромии Тоҷикистон ин гурӯҳро ба авфи умум дохил карданд. Ҷинояткорони наҳзатӣ аз ин истифода карда, 16 сол дар фазои сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон фаъолият намуданд. Гарчӣ ҷиноятҳои онҳо барои халқи тоҷик ва барои идораҳои қудратии Тоҷикистон пурра маълум буд, ба хотири сулҳу салоҳ ва сухани ҷавон мардонаи Пешвои миллат касе он парвандаҳоро намебардошт ва касе ба онҳо кор надошт. Дар ин давра наҳзатиҳо соҳиби қасрҳои бошукӯҳ, мағозаву бозору тиҷоратҳои калон, се-чортоӣ зан, боғу роғ ва мошинҳои қимматбаҳо шуда гаштанд. Лекин афсус, фитрати нопоку носипос боз ҳам ба кор даромаду наҳзатиҳо ба ҷойи донистани қадри сулҳу ваҳдат, ба ҷойи додани ҷавоби сазовор ба гузашту бахшиши ҷавонмардонаи Роҳбари давлат, боз бар зидди давлат нақшаи табаддулоти давлатӣ кашиданд.

 

Шӯхрат УСМОНОВ

мудири кафедраи сохтмони ДПДТТ дар шаҳриХуҷанд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>