ЧӢ ПАЙМОНЕ БУВАД ПАЙМОНШИКАНРО ?

1

Аз он рӯзе ки як гурӯҳ хоинону ватанфурӯшон оид ба ташкил намудани созмоне бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон» дар заминаи собиқ ташкилоти террористиву  экстремистии «Наҳзати ислом» ва се ниҳоди сиёсии дигаре, ки аҳли ҷомеа номашонро бори аввал мешуниданд,  иттилоъ доданд, наздик панҷ моҳ сипарӣ мешавад. Ин амали хоинон мисли он аст, ки дар болои таҳкурсии гилин  ва бебунёд қасри боҳашамат афрохтанианд. Вале чуноне ки шоир мегӯяд:

Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ,

То ба охир меравад девор каҷ.

Чун дилу ботин, дасту нияти онҳо аз оғоз каҷ буд, дар рӯи таҳкурсии бебунёду зудфаношаванда аз оғоз хиштро каҷ гузоштанд ва ин девор ҳар қадар сар кашад ҳам, каҷ аст, ки рӯзе бо вазни худ ба болои деворзанон фурӯ хоҳад рафт. Онҳое, ки ин созмони бадхоҳи миллату давлати моро таъсис додаанд, шабу рӯз ба ғайр аз ҷудоию иғвоандозӣ, паҳн кардани ҳар гуна хабару овозаҳои дурӯғ, даъвати рӯирост ба амалҳои ноҷавонмардона дигар коре надоранд. Дар оғоз чунин менамояд, ки ҳамаи онҳо дилсӯзи давлату миллати худ ҳастанд, Ватанро мисли модарашон дӯст медоранд ва барои ободии он кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Дар асл бошад, «Бузургӣ саросар ба гуфтор нест, Дусад гуфта чун ними кирдор нест!» гуфтани шоир барин, то имрӯз аз дасти ин қаҳрамонон кори барои омма манфиатоваре наомадааст. Онҳо ҳамон ҷавфурӯшони гандумнамо ҳастанд, ки мисли миси зарандуд зоҳиран назаррабоӣ кунанд ҳам, аз ботин пучу ночизанд. Ва чунин амали хилофи пиндори нек, кирдори нек ва гуфтори нек ба хотир латифаеро меорад, ки аз аҳди бостон ба мо расидааст.

Мегӯянд, ки нимашабе Насриддин Афандӣ бо мақсади фаҳмидани хубиву бадии ҳамсоягонаш ба болои бом баромада, «хонаам сӯхт, ёрӣ диҳед, мардум!» — гӯён доду фарёд мебардорад. Аз шунидани садои имдодталабонаи ӯ хурду калон аз хонаҳо ба берун медаванд, то дар хомӯш кардани сӯхтор ёрӣ расонанд. Дар кӯча маълум мешавад, ки ин амали нозебо шӯхии беҷои ҳамсояашон будаасту дар асл ягон ҳодисаи нохуш рӯй надодааст.

Минбаъд боз чанд маротибаи дигар Афандӣ ҳамсоягонро бо доду фарёди дурӯғин нисфишабӣ ба кӯча мекашад.  Баъд аз кирдори худ шарм накарда, ба ҳоли ҳамсоягони дилсӯзу меҳрубон механдад ва бо ин гӯё аз онҳо донотару айёртар буданашро исбот мекунад. Бо наззораи ин манзара оҳиста — оҳиста дар андешаи ҳамсоягон тасаввуре нақш мебандад, ки чунин рафтор, яъне бо фиреб хоби шаби одамонро вайрон кардан як навъ дилхушию хушҳолӣ барои ӯст. Дар хонаи вай ин қадар вақт боз сӯхтор сар назадааст ва минбаъд низ сар нахоҳад зад.

Аз қазо шабе воқеан ҳам хонаи Афандӣ оташ мегирад. Вай ба чаҳор тараф давида, ҳамсоягонро ба ёрӣ мехонад, вале касе ба имдодаш намеояд. Зеро ҳамагон гумон доштанд, ки ин навбат низ шӯхии пешинаашро такрор мекунад.

Дурӯғро хирадмандон чароғи бефурӯғ донистаанд. Як ҳарфи дурӯғу беасос метавонад ба рӯи сад ҳарфи ҳақ хатли батлон кашад. Шоир ба ин маънӣ барҳақ мегӯяд, ки:

Гар ҳазорат рост бошад, як дурӯғ,

Он дурӯғат боз дорад аз фурӯғ.

Дар ин росто далели Шайх Саъдӣ басо ҷолиб менамояд:

Якеро, ки одат бувад ростӣ,

Хато гар кунад, даргузоранд аз ӯ.

В-агар номвар шуд ба норостӣ,

Дигар рост бовар надоранд аз ӯ.

Тору пуди «нутқҳои оташин»-и сухангӯёни «Паймони миллии Тоҷикистон» чунон бо ҳарфи дурӯғ печидааст, ки суханҳои росташон ҳам ба назар дурӯғи бебунёд менамояд. Дар дунё аз ду кор дида осонтар коре нест: аввалан маслиҳат додан. Агар аз нобакортарину пастфитраттарин одам ҳам маслиҳат пурсед, ҳарчанд ба роҳи ботил ҳидоят менамояд, маслиҳате хоҳад дод. Ва дуюмин амали осонтарин ин айбмониву айбҷӯист. Ҳамин ки ду нафарро гапашон гурехт, дар як они воҳид астару абраи ҳамдигарро чаппаву роста мекунанд, суханҳоеро ба забон мегиранду айбҳоеро ном мебаранд, ки ба гуфти мардум дар рӯи бел ҳам намеистанд. Бо ибораи дигар, барои ба як нафар тӯҳмат задану айби набударо бастан на дипломи донишгоҳ лозим асту на дониши кофӣ. Албатта, ошкор намудани камбудиву норасоиҳои ҷомеа ягон амали бад нест, вале ин кор бояд ҳамрадиф бо нишон додани роҳҳои ислоҳи онҳо ва кӯшишҳо ҷиҳати минбаъд роҳ надодан ба такроршавиашон роҳандозӣ шавад. Афсӯс, мо чунин ҳолатро аз ҷониби таблиғгарони «Паймони миллии Тоҷикистон» мушоҳида намекунем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмҳои анъанавиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар суханрониҳои худ борҳо зикр намудаанд, ки ҳанӯз дар рӯзгори мардум муаммою мушкилоти ҳалталаб бисёранд. Вале давлату Ҳукумат тасмим гирифтаанд, ки давра ба давра онҳоро ҳаллу фасл намуда, аз байн баранд.

Ду сол боз мардуми диёр дар мавсими тирамоҳу зимистон маҳдудият ва камбуди нерӯи барқро эҳсос намекунанд. Аз ин нуқтаи назар метавон гуфт, ки Тоҷикистони маҳбуб аллакай ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ ноил гардидааст. Ҳамзамон, Сарвари давлат дар Паёми навбатиашон таъкид доштанд, ки ҳадафи дигари стратегии Ҳукумати мамлакат – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ҳам таъмин гардид.

Акнун муқоиса мекунем ҳолати имрӯзаро бо ҳолати 10 сол пештар, ки дар як шабонарӯз ҳамагӣ чанд соати башумор нерӯи барқ мегирифтему барои масалан аз вилояти Суғд ба пойтахт рафтан рӯзҳои дароз сарсону саргардон мешудем. Магар ин неъматҳои худододе, ки имрӯз насибамон шудааст, водор намесозанд, ки ҳамеша шукргузору сипосгузор бошем? Дар ҳамон давраҳои вазнин низ айбмонҳою таънагарҳо зиёд буданд. Вале баҳри беҳбуди вазъият аз дасташон коре наомад, аниқтараш коре карда натавонистанд. То он даме ки давлату Ҳукумат чора наандешиданд, вазъият чун пештара боқӣ монд.

Сарвари давлат беҳуда саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ ва солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон накардаанд. Ин иқдомҳои ватандӯстона маҳз ба хотири ободонии диёр ва беҳбуд бахшидан ба рӯзгори халқ равона шудаанд.

Хаёлан тасаввур мекунем, ки девори манзили мо хароб гардиду афтид. Мо ба ин ҳолат тамасхур занему хандем беҳтар аст ё ба даст белу каланд гирифта аз пайи таъмиру навсозӣ шавем беҳтар? Албатта, роҳи қобили қабул роҳи дуюм мебошад. Тоҷикистон хонаи умеди тамоми тоҷикону тоҷикистониён аст. Агар душманону бадхоҳони миллат ба ҷойи ин ҳама ҳарзафурӯшию дурӯғбофӣ ва таъназанию сангандозиҳо ба сари ҳамватанони хеш дар роҳи ободонии Ватан хиштеро болои хиште мегузоштанд, имрӯз халқи заршинос аз онҳо рӯй намегардонд.

Оламро бо зулму ситам, дурӯғу фиреб, қатлу бедодгарӣ обод карда намешавад. Ва ин сиёҳкуниҳои хоинонону бадхоҳон на бар нафъи худашон асту на бар нафъи дигарон. Офтоб аз ҳасади шамъ аз фалак намеафтаду бо дуои кӯрмуш борон намеборад. Аз ин рӯ, бо як ҷаҳон бовару эътимод метавон гуфт, ки душманонамон дер ё зуд сари худро мисли гирдоб хоҳанд хӯрд.

Аҳду паймон бастан, савганд хӯрдан, қавл додану ба он вафо кардан кори ҷавонмардон аст. Чуноне ки Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардум овардани сулҳу ваҳдат ва ба Ватан баргардонидани гурезагони иҷбориро ваъда карданду  мардона онро ба ҷо оварданд. Гуфтанд, ки бо нохун бошад ҳам, дили кӯҳро мешикофему нақби «Истиқлол»-ро месозем ва дар аҳди худ чун кӯҳ устувор истоданд. Ё худ сохтмони НБО-и «Роғун»-ро гирем. Ин гуна мисолҳоро боз фаровон овардан мумкин аст.  Вале моро масъалаи дигаре ба андеша водор месозад: «Паймони миллии Тоҷикистон»-ро чӣ касоне созмон додаанд, он паймони кадом миллат  мебошад, байни киҳо баста шудааст, чӣ нияту ҳадаф дорад ва аз он ба халқу Ватани мо чӣ манфиате мерасад? Чунин саволҳои беҷавоб бисёранд, аммо як нукта мусаллам аст: дар садри ин паймон нафароне қарор доранд, ки паймоншиканиашонро ҳаёт даҳҳо бор собит кардааст. Пас дуруст аст, ки аз онон пурсем: ЧӢ ПАЙМОНЕ БУВАД ПАЙМОНШИКАНРО ?!.

                                                     Мардон ҚУРБОНОВ

                                                                          аъзои ҲХДТ  дар шахри Хуҷанд  

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>