Хониши сиёсӣ

1

Дар ташкилоти ибтидоии деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодом хониши сиёсӣ доир шуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шахри Конибодом Бобоҷонзода Азимҷон Тоир оид ба татбиқи амалии дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба масъулин дода шуд, суханронӣ намуд.

Инчунин, муҳимтарин нуктаҳои Паёми Пешвои миллат дар ин мулоқот мавриди баррасӣ қарор гирифт. Перомуни баррасии масъалаҳо ташаккул додани мафкураи зиддикорупсионӣ андешаҳо иброз шуданд. Таъкид шуд, ки амалҳои коррупсионӣ  яке аз омилҳои нангин ва хатарноки ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар радифи терроризму экстремизм ба амнияти миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ таҳдид менамояд. Аз ин рӯ, мубориза алайҳи ин омили  хатарноки ҷомеа вазифаи нафақат мақомоти давлатӣ, балки тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>