ҲХДТ – ифодакунандаи ормонҳои халқ

ормонҳои халқ

Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан бо сокинони деҳаи Вогати ҷамоати деҳоти Сабристон мулоқот намуданд.

Мудири шуъбаи кор бо занони кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Муяссара Раҳматова оид ба нақши занон ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суханронӣ намуданд. Аз иштирокчиёни мулоқот даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати ташаккули  фарҳанги сиёсӣ, тақвияти маърифати ҳуқуқӣ, дӯст доштани  Ватан – Модар, ҳифзи марзу бум, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ваҳдати миллӣ саҳми босазои худро гузоранд.

Бояд қайд намуд, ки  имрӯз аз 460 ҳазор аъзои ҲХДТ 220 ҳазор нафарро занҳо ташкил медиҳанд. Аз ин шумора  беш аз 176 ҳазор нафарро ҷавонони  аз 18 то 30 сола фаро мегиранд, ки дар  пешрафти ҳаёти имрӯзаи Тоҷикистон  нақши  муассир доранд. Имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нерӯи бузургеро мемонад, ки ифодакунандаи ормонҳои мардум буда, робитаи қавӣ доштан бо халқ дар меҳвари фаъолияти он қарор дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>