«Бо писари сарбозам ифтихор дорам»

1,1

Бо мақсади тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии ҷавонон   дар Ташкилоти ибтидоии ба номи Зайниддин Осимови шаҳри Хуҷанд маҳфили адабӣ – фарҳангӣ  баргузор гардид.

Дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Мунавар Маликисломӣ иштирок намуд.

Сараввал раиси Ташкилоти ибтидоии  ба номи Зайниддин Осимов Даврон Ёқубов иштирокчиёнро бо фарорасии  26-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Баъдан Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Мунаввар  Маликисломӣ суханронӣ карда  таъкид дошт, ки хизмати ҷавонон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар қарзи фарзандӣ ва виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус  буда, мактаби бузурги тарбияи ирода ва ҷасорат маҳсуб меёбад.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба 8 нафар ҷавонон шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуда, ба  модарони сарбозон тӯҳфаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.1 2

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>