Семинари дастурдиҳӣ

2

Дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров  семинари омӯзишӣ ва дастурдиҳӣ баргузор гардид.

Дар он муовинони раиси  ташкилотҳои ибтидоӣ, мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Заррина Манонова  ва муовини раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии «Б. Ғафуров» Ӯғулой Умаралиева иштирок намуданд.

Сараввал муовини раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии «Б. Ғафуров» Ӯғулой Умаралиева дар бораи нақш ва мақоми зиёиён дар пешбурди ҳаёти сиёсӣ ва маънавии кишвар суханронӣ намуда таъкид дошт, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, ки барномаи мукаммали панҷсолаи хоҷагии халқ мебошад, бояд дастури рӯимизии ҳар як фарди худогоҳу заковатпеша бошад.

Ҳамзамон,  оид ба ҳадаф ва мақсади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон андешаҳо иброз шуданд.

Хотиррасон менамоем, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пиёдакунандаи ҳадаф ва ормони давлат ва ҳукумат буда, имрӯз 460 ҳазор аъзо дорад. “ҲХДТ зодаи даврони истиқлол буда, ҳамчун ҳизби мардумӣ ва нерӯи тавонову созандаи ҷомеа ба эътимоди  мардум сазовор шуд”-қайд намудаанд, Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>