Артиши миллӣ – кафили сулҳу субот дар ҷомеа

20190221_100630

Дар бинои  литсейи №1-и ноҳияи Ҷаббор Расулов бо мақсади тарғибу ташвиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ рӯзи ягонаи ахбор баргузор гардид.

Дар он муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Ботирҷон Умарзода ва мудири шуъбаи кор бо занони кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб Қумринисо Рустамзода ширкат варзида, оид ба таърихи ташкилёбии Артиши Миллӣ ва ташаккулёбии ҷузъу томҳои он суханронӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки  хизмат ба Ватан қарзи фарзандии ҳар як ҷавонмард дар назди Ватан – Модар, Артиши миллӣ кафили сулҳу субот дар ҷомеа маҳсуб меёбад.

Ҳамзамон, дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», тарбия намудани кӯдакону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳимояи марзу буми кишвар директори Литсейи №1-и ноҳия Эргаш Ҳабибов ибрози назар намуд.

Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов иштирокчиёнро баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият ҳидоят намуданд.20190221_103111

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>