Мулоқот бо аҳолӣ

Мулоқот бо аҳолӣ

Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент санаи 22 феврал дар толори МТМУ №4 – и Ҷамоати деҳоти Саразми мулоқот баргузор гардид.

Дар он муовини раиси шаҳр Зайнура Азимӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода иштирок намуданд.

Мулоқотро  Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода оғоз намуда, оид ба пешгирии  шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу харакатҳои ифротӣ,  омодагӣ ба пешвози 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5500 — солагии Саразм, 25 — солагии ташкилёбии ҲХДТ суханронӣ намуд. Қайд карда шуд, ки  таҳкими сулҳу ваҳдат, ҳифзи арзишҳои миллӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуб масъулияти ҳар узви ҷомеа ба шумор меравад.

Зайнура Азимӣ перомуни муҳимтарин нуктаҳои Паёми  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баромад намуд. Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>