Мулоқоти судманд

Мулоқот

Дар толори ташкилоти ибтидоии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» ва муассисаҳои таълимиву томактабии шаҳри Конибодом намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом  бо фаъолон  ва ҷонибдорони ҲХДТ мулоқот доир намуданд.

Дар мулоқот самтҳои афзалиятноки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, мубориза бар зидди тақлидкорию хурофотпарастӣ, ташвиқи арзишҳои асили миллӣ, фарҳанги муосир ва анъанаҳои неки мардумӣ, пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҷараёну равияҳои бегона, тарғиби тарзи ҳаёти солим мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Таъкид шуд, ки  сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ паст будани маърифати онҳо мебошад.  Аз ин рӯ, воситаи асосии пешгирӣ аз ин зуҳурот тарбияи дурусти фарзандон ва пайваста огоҳ будан аз кору рафтори онҳо мебошад.

Ҳамзамон, дар мулоқот перомуни дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028, ба кор даромадани чархи аввали НБО “Роғун”, эълон шудани ҳадафи чаҳоруми олӣ – саноатикунонии босуръати кишвар андешаҳо иброз шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>