Маърифати оиладорӣ

Маърифати оиладорӣ

Дар Кумитаи иҷрояи  ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бо фаъолон ва собиқадорони ҳизб мизи мудаввар доир гардид.

Дар мизи мудаввар мавзӯъҳо оид ба маърифати оиладорӣ, фарҳанги муносибат бо аъзои оила, омилҳои асосии ҷудошавии оилаҳо ва роҳҳои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид карда шуд, ки маърифати оиладорӣ аз тарбия дар оила маншаъ мегирад.  Ҷомеаи солим аз оилаи солим бунёд меёбад. Аз ин лиҳоз, баланд будани маърифати оиладории мардум омили асосии пойдории ҷомеаи солим маҳсуб меёбад.

Ҳамзамон, перомуни риояи Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анаъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаҳо иброз шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>