Семинари омӯзишӣ таҳти унвони “Сеҳри сухан”

Сеҳри сухан

Санаи 26 феврал бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, бахшида ба 25-солагии таъсисёбии ҲХДТ ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар якҷоягӣ бо Донишкадаи Иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар толори Кумитаи иҷроия    семинари омӯзишӣ таҳти унвони  “Сеҳри сухан” баргузор гардид.

Дар кори семинар муовини раиси Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар вилояти Суғд  Аминҷон Шарифзода,  мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроия Раҳимӣ  Фирӯза, аъзои фаъоли ҲХДТ, собиқадори ҳизбу меҳнат Ҳамрохон Атаева, мудири шуъбаи илми ДИС ДДТТ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент  Гулчеҳра Аҳророва ширкат варзиданд.

Сухани ифтитоҳиро муовини раиси Кумитаи иҷроя ҲХДТ дар вилояти Суғд  Аминҷон Шарифзода  оғоз намуда, оид  ба одоби баланди муошират доштан ва дар ҷомеа мақоми худро пайдо намудани духтарон суханрони намуд.

Инчунин дар рафти семинар, суҳбатҳо оид ба одобу ахлоқи занону духтарон, рафтори неку гуфтори хуб доштани онҳо, оиди маданияти суханронӣ ва маърифати оиладорӣ, сеҳри сухандонию суханварӣ дар пешбурди оила, сабабҳои ноустувор гардидани оилаҳо ва мавқеи муошират дар пойдории аз ҷиҳати илмӣ омилҳои офариниши сухан ва хислатҳое, ки занону духтаронро дар ҷомеа муваффақ мегардонад, гузаорнида шуд. Чорабинӣ дар сатҳи баланди ватандӯстиву масъулиятшиносӣ баргузор гардид.Семинари омӯзишӣ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>