Мулоқот дар ташкилоти ибтидоӣ

Мулоқот

Санаи 27 феврал бо мақсади тарғиби дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ироа гардида буд, дар ташкилоти ибтидоии «Маркази дандонпизишк» -и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан мулоқот баргузор гардид.

Сухароно роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Зокиров И. оғоз намуда  оид ба нуктаҳои асосии маҷлиси ҳизбӣ, ҳадафҳои созанда ва барномаи ҲХДТ суханронӣ намуд. Ӯ аз ҷумла афзуд, ки ҲХДТ ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа барои сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва зиндагии шоистаи мардум фаъолият мебарад. “Дар баромади худ дар Маҷлиси васеи КИМ ҲХДТ Пешвои миллат ташкилотҳои ибтидоиро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати ташаккули фарҳанги сиёсӣ, тақвияти маърифати ҳуқуқӣ, дӯст доштани Ватан-Модар, ҳифзи марзу бум, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ваҳдати миллӣ корҳои таблиғотиро бештар ба роҳ монанд. Аз ин рӯ, бояд ташкилотҳои ибтидоӣ дар асоси дастуру супориш ва вазифагузориҳои Пешвои муаззами миллат фаъолияти худро ҷоннок намуда, зарур аст, ки барои боз ҳам боло бурдани нуфузу обрӯи ҲХДТ корбарӣ намоянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>